Эрон бесарнишинҳои Исроилро суқут дод: Дар бораи ҳамла чӣ маълум шуд?

© AFP 2023 / Iranian Army Office Дроны-смертники (камикадзе) во время двухдневных учений в Иране
Дроны-смертники (камикадзе) во время двухдневных учений в Иране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2024
Обуна шудан
Расман Исроил ва ИМА ҳанӯз зарбаро шарҳ надодаанд. Ҷониби Эрон гуфт, якчанд ҳавопаймои бесарнишинро низоми дифоияш нобуд карда, ҳамлаи мушакӣ сабт нашудаст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Чанд ҳавопаймои бесарнишин аз ҷониби системаи дифои ҳавоии Эрон дар осмони музофоти Исфаҳон дар қисмати марказии ин кишвар сарнагун карда шуданд, иттилоъ дод хабаргузории эронии IRIB.
Ахиран шабакаи телевизионии амрикоии ABC News хабар дода буд, ки Исроил ба иншоот дар Эрон "ҳамлаи мушакӣ" кардааст.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дар наздикии фурудгоҳи Исфаҳон ва пойгоҳи 8-уми нерӯҳои ҳавоии Эрон таркишҳо рух додааст. Ҷониби Эрон сарнагун кардани бесарнишинҳоро таъйид карда, афзудаст, ки ҳамлаи мушакӣ ба қайд гирифта нашудааст.
"Теъдоде аз гузоришҳо нишон медиҳанд, ки чанд ҳавопаймои бесарнишини хурди номаълум дар ҳарими ҳавоии вилояти Исфаҳон суқут дода шуданд", - омадааст дар матлаби IRIB.
Вооруженные силы России и Таджикистана завершили совместное двухстороннее учение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Тамриноти зиддитеррористии нерӯҳои Русияву Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар Исфаҳон се инфиҷор шунида шудааст, ки эҳтимолан ба далели пайдо шудани ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин фаъол шудааст. Ҳадафи эҳтимолии бесарнишонҳо метавонад як истгоҳи радарии артиш бошад. Бархе манобеъ ҳадафро пойгоҳи нерӯҳои ҳавоӣ хондаанд.
Ба гузориши хабаргузории IRNA, нерӯҳои дифои ҳавоӣ ҳамларо дар вилоятҳои дигари Эрон низ рафъ карданд. Аз ҷумла, садои таркиш дар ғарби Табрез ва дар минтақаи Водии Раҳмат шунида шуд.
Расонаҳои Ғарб гуфтанд, зарбаи хусусияти маҳдуд дошта, Исроил ҷониби ИМА-ро аз он қаблан огоҳ кардаасту Пентагон ин иқдомро ҷонибдорӣ накардаст.
Нашрияи исроилии Yedioth Ahronoth навиштааст, зарба ба Эрон тавре зада шуд, ки Теҳрон "тоб"-и онро дошта бошаду аз шиддати вазъият бо Исроил худдорӣ кунад.
Расонаҳои эронӣ аз таркишҳо ва кори низоми дифои ҳавоӣ дар минтақаи фурудгоҳи Исфаҳон хабар медиҳанд ва таъкид мекунанд, ки иншооти ҳастаӣ осеб надидааст.
Эрон шаби 13 ба 14 апрел дар посух ба ҳамла ба намояндагии дипломатиаш дар Димишқ, ба сӯи Исроил 185 ҳавопаймои бесарнишин ва ҳудуди 150 мушак партоб карда буд.
Лентаи хабарҳо
0