Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18 апрел бо як сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад. Сафари ӯ ба Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад ёфт

Аҳдномаи ҳампаймонӣ: Арзиши таърихии мулоқоти Раҳмону Мирзиёев дар чист?

© Пресс-служба президента УзбекистанаЗавершение визита Шавката Мирзиеева в Таджикистан
Завершение визита Шавката Мирзиеева в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Муҳимтарин санаде, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва аз сӯи раисҷумҳурон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев имзо шуд, Аҳдномаи ҳампаймонии миёни ду кишвар буд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатии дурӯза аз Тоҷикистон боздид кард. Президенти мизбон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои ӯзбекистонияшро бо қаровули фахрию фазои дӯстона пешвоз гирифт.
Дар пайи музокирот дар ҳайати маҳдуду васеъ як қатор дастурот ба ҳукуматҳо дода шуда, роҳбарони ду кишвар Аҳдномаи ҳампаймонӣ имзо карданд.
Ин муоҳидаро коршиносон қабл аз ҳама барои он таърихӣ арзёбӣ мекунанд, ки ҳар ду кишвар то ба ҳол бо ягон кишвари дигар чунин санаде ба имзо нарасондаанд.

Иттиҳоди тахрибнопазир

Ҳампаймонӣ болотарин ва муътамадтарин сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ буда, баёнгари бо ҳам гиреҳ хӯрдани манфиатҳо, сарнавишт ва ояндаи муштараки мардуми ду кишвар аст. Ҳамон гуна ки раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид карданд, ин санади роҳбурдӣ дар таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақа низ нақши калидӣ хоҳад дошт.
Қосими Бекмуҳаммад, коршинос дар умури минтақа, гуфт, ба имзо расидани Аҳднома ё Муоҳидаи ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон сафари расмии Шавкат Мирзиёевро ба як рӯйдоди муҳимми таърихӣ табдил дод, зеро дар пайи ин ҳамкориҳои ду кишвар вориди сатҳи сифатан нав мешавад ва муколимаҳои сиёсии дуҷониба шакли ниҳодинатар ба худ хоҳад гирифт.
Здание посольства Узбекистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2024
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Раҳмону Мирзиёев дар Душанбе бинои нави сафорати Ӯзбекистонро кушоданд
“Ба сурати табиъӣ, чунин як санади ҷомеъ ва роҳбурдӣ заминаҳову самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои муштаракро дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ, обу энержӣ, энергетикӣ, амниятӣ, нақлиёту транзит, илмӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ ва ғайра муайян мекунад”, - гуфт Бекмуҳаммад.
Ба қавли ӯ, Муоҳида на танҳо фурсатҳои тозаеро барои рушди равобити дуҷониба фароҳам мекунад, балки ба дарки бештару беҳтари манфиатҳои миллии якдигар ва ҳифзи манфиатҳои муштарак дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ мусоидат менамояд.
“Яъне ин санад замина барои таҳия ва бакоргирии абзорҳо ва рӯйкардҳои воҳиду муштарак барои ҳалли масъалаву мушкилоти умумиро омода хоҳад кард”, - гуфт таҳлилгар.

Аз сардӣ ба гармӣ

Тоҷикистону Ӯзбекистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва касби истиқлол аз соли 1991 ба ин сӯ як масири ноҳамвори равобитро пушти сар гузоштаанд. Дар замони раҳбарии Ислом Каримов, ки то соли 2016 идома дошт, миёни ду кишвар ихтилофҳои ҷиддӣ ба миён омад.
Аз ҷумла Ӯзбекистон ба сохтмони муҳимтарин тарҳи иқтисодии Тоҷикистон – нерӯгоҳи “Роғун” - шадидан мухолифат мекард ва ҳам аз бартариҳои худ дар масирҳои роҳи оҳан алайҳи ҳамсояи шарқиаш истифода мебурд.
Шояд боризтарин аломати носозгор бо ҳусни ҳамҷавории ду кишвар низоми раводид буд, ки мушкили зиёда барои мардумони ду кишвар халқ мекард. Он замон даҳҳо шаҳрванди ду кишвар бо иттиҳоми “убури ғайриқонунии марз” ва “ҷосусӣ” боздошту зиндонӣ шуданд.
Переговоры президентов Таджикистана и Узбекистана в расширенном составе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2024
Афзоиши парвозу низоми ягонаи энергетикӣ ва 400 корхона: Ҷузъиёти суҳбати Раҳмону Мирзиёев
Ӯзбекистон то оғози садаи 21 шарики аслии тиҷории Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Масалан, гардиши тиҷорӣ миёни ду кишвар дар соли 1995 250 (Русия – 136) миллион доллар буд. Баъдтар ин рақам дар соли 2000 ба 185, 2010–72 ва 2015 - 12 миллион доллар пойин омад.
Пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 Ӯзбекистон як сиёсати мусолиматомез ва ҳамсоягии накӯ бо кишварҳои ҳамсоя, қабл аз ҳама Тоҷикистонро пеш гирифт.
Бахусус 7 соли ахирро аслан наметавон бо ду даҳаи нахусти баъди истиқлол, ки пур аз ихтилофҳо буд, қиёс кард. Равобити тиҷории кишвар зуд рӯ ба рушд овард. Масалан, соли 2017 гардиши тиҷорӣ миёни ду кишвар якбора ба 126 миллион доллар боло рафт. Соли 2023 ба 756,8 миллион доллар расид, ки дар қиёс бо соли 2022 11,8% зиёд аст.
Аз таҳаввулоти ҷолиб метавон ба омори корхонаҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон рӯ овард, ки соли 2023 279 адад буд ва то 1 апрели соли равон ба 307 адад расидааст.
Ҳамчунин теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои тиҷорат вориди Ӯзбекистон мешаванд, дар соли 2023 қариби 15 ҳазор нафарро ташкил додааст (дар мақоми аввал Туркманистон — беш аз 46 ҳазор нафар).
Сафари муҳими президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Меҳмони олиқадр: Сафари давлатии раҳбари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон чигуна мегузарад - видео
Дар як калом, тайи солҳои ахир ҳаҷми гардиши тиҷории Тоҷикистону Ӯзбекистон 40 баробар ва теъдоди корхонаҳои муштараки онҳо 15 баробар афзудааст.
Ҳарду кишвар дар радабандии кишварҳое, ки сайёҳони бештар вориди онҳо мешаванд, мақоми аввалро мегиранд. Ба гунаи мисол, соли 2023 аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон наздики 806 ҳазор ва аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон қариби 2,2 млн нафар барои гардишгарӣ рафтаанд.
Як далели зуд ба ҳам омадан, унс гирифтани ҷавомеъ ва ба суръат рушд кардани равобити Тоҷикистону Ӯзбекистонро коршиносон ба қаробатҳои хешутаборӣ, тамаддунӣ, фарҳангӣ ва динии онҳо рабт медиҳанд, ки хеле зуд фазои амниятиву сиёсӣ ва иқтисодиро на фақат дар ин ду кишвари ҳамсоя, балки кулли минтақа тағйир дод.
Беҳбуди равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон, бидуни шак, оташи як низоъи бузург дар минтақаву ҷаҳонро, ки бархе кишварҳо даст ба бушкаи равған буданд, то бар он бирезанд ва онро бузург кунанд, барои ҳамеша хомӯш сохт, устоди сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров.
“Таърих собит сохт, ки идомаи ихтилофҳои солҳои аввали истиқлол ба гунаи раҳбурдӣ на ба нафъи онҳо буд ва на ҳам минтақа. Муоҳидаи ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон, бахусус, барои тақвияти амнияти Осиёи Марказӣ ва Русияву Чин, ки дар минтақа бо нуфузи тахрибкори Амрикову Ғарб рақобат мекунанд, аҳамияти раҳбурдӣ дорад”, - гуфт Сафаров.
Шерали Кабир, министр промышленности РТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Шералӣ Кабир аз фоидаи бозори Тоҷикистон ба соҳибкорони узбек гуфт
Бо ин вуҷуд, оё кадом заруратҳо ва шароит Тоҷикистону Ӯзбекистонро водор карданд, ки чунин як муоҳидаи ҳампаймонӣ ё иттиҳодиро ба имзо расонанд? Ва ин ки раисҷумҳури ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, дар шодиву ғами якдигар дар шароити мураккаби байнулмилалӣ ва хатарҳои берунӣ дар канори ҳам хоҳанд буд, чӣ маънӣ дорад?
Коршиносон мегӯянд, бо назардошти вазъи бесобиқа ва мураккаби байнулмилалӣ, бахусус, буҳронҳои ҳоким бар Ховари Миёна ва Аврупои Шарқӣ, ҳамчунин афзойиши хатари терроризм аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ пас аз ба қудрат расидани Толибон*, водор мекунад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мунтазири кӯмак аз хориҷ нашуда, худ ғамашонро бихӯранд.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Саидҷафъар Усмонзода, мегӯяд, барои нигаҳ доштани фазои мусоид барои рушди иқтисодиву тиҷории на фақат Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки Осиёи Марказӣ ва дар кул Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, чолишҳои амниятӣ бояд дақиқ ташхис ва тадобире барои ҷилавгирӣ аз онҳо гирифта шавад.
Пас аз таслими қудрат аз сӯи Амрико ба Толибон* ва ҳудуди 20 созмони террористӣ дар Афғонистон таҳдиди бузурге барои минтақа, қабл аз ҳама Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бо он кишвар ҳамсоя ҳастанд, ба вуҷуд омадааст, зикр намуд сиёсатмадор.
Визит Шавката Мирзиёева в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Истиқболи гарми Мирзиёев дар Душанбе - аксҳо
"Ин таҳдид рӯз ба рӯз меафзояд, бахусус, Амрикову Ғарб бо истифода аз ин созмонҳои террористӣ дар пайи эҷоди “ҷабҳаи ҷанубӣ” алайҳи Русия ҳастанд. Муоҳидаи ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар хатти нахусти ин ҷабҳа қарор доранд, як гоми муҳим дар ин ростост”, - гуфт Усмонзода.
Вай афзуд, ҳар ду кишвар ҳам дар масоили иқтисодӣ ва ҳам амниятӣ якдигарро мукаммал мекунанд ва ҳеҷ таҳдиди хориҷӣ наметавонад барои рушди иқтисоду амнияти онҳо чолиш халқ кунад.
Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон 10 ва Ӯзбекистон 37 млн нуфус доранд, ки худ як бозори бузург барои рушди тиҷорату иқтисод ва ҳам нерӯи бузурги размӣ аст, аз ин хотир, бо он вуҷуд ки ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳеҷ як созишномаи низомӣ ба имзо нарасид, нигаҳ доштани шароити рушди иқтисодӣ аз онҳо ҳамкориҳои танготанги амниятиро тақозо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0