Содироти Қолинҳои Тоҷикистон ба Русия ва Ӯзбекистон

© Пресс-служба Президента ТаджикистанПроизводство ковров на фабрике "Ковры Кайраккума"
Производство ковров на фабрике  Ковры Кайраккума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ ҳашт корхонаи қолинбофӣ дар ноҳияҳои гуногуни кишвар фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки соли гузашта дар корхонаҳои қолинбофии Тоҷикистон 7,3 миллион метри мураббаъ қолин истеҳсол шудааст, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Ба иттилои манбаъ, дар аксари корхонаҳои қолинбофии кишвар дастгоҳҳои истеҳсоли Ширкати "VAN DE WIELE"-и Белгия васлу насб гардидааст.
Иқтидори тавлидотии ин дастгоҳҳо, дар маҷмуъ, беш аз 6 миллион метри мураббаъ қолин дар як сол мебошад.
Алҳол дар Тоҷикистон панҷ корхонаи қолинбофӣ– ҶДММ "Қолинҳои Душанбе", ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" ва се корхонаи қолинбофии дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дутоаш муштарак буда, дар ҳамкорӣ бо давлати Туркия таъсис дода шудаанд, фаъолият доранд.
Структура добывающей промышленности в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Саноати Тоҷикистон чиро бештар истихроҷ намудааст
Ҳамчунин, соли гузашта аз хориҷа, асосан, аз Русия, Эрон, Туркия ва Ӯзбекистон ба маблағи 5,7 миллион доллар 2,6 миллион метри мураббаъ қолин ворид шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон давоми соли 2022 ба 43 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ наздики 6 млрд сомонӣ бештар мебошад.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, рушди соҳаи саноати Тоҷикистон бе назардошти бахши энергетика ба андозаи 20% ва бо назардошти ин бахш беш аз 15% таъмин шуд.
Лентаи хабарҳо
0