https://sputnik.tj/20230601/khadamot-federali-talosh-gharb-nooromsozi-idm-1057485219.html
Раҳбари ХФА: Ғарб талоши нооромии ИДМ-ро дорад
Раҳбари ХФА: Ғарб талоши нооромии ИДМ-ро дорад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Хадамоти федералии амнияти Русия мегӯяд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дучори чолишу таҳдидҳои бемислу монанд шудааст
2023-06-01T18:24+0500
2023-06-01T18:24+0500
2023-06-01T18:24+0500
хадамоти амнияти русия
идм
ноором
сиёсат
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102350/63/1023506395_0:4:3016:1701_1920x0_80_0_0_aa439372074f3e9fc808350f7caec0de.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ғарб мехоҳад, ки вазъияти ИДМ-ро бо роҳи қатъиян зиёд кардани замимаи таниш ноустувор гардонад. Дар ин бора директори Хадамоти федералии амнияти Русия Александр Бортников зимни мулоқоти раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко бо иштирокдорони ҷаласаи 52-юми Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ, ки дар Минск ҷараён дорад, хабар дод. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки пешгӯиҳои як сол қабл оид ба вазъи амалиётӣ рӯйдодҳои имсоларо пурра тасдиқ мекунанд. Ба гуфтаи вай, дар наздикии марзи Беларус мунтазам тамринҳои нерӯҳои НАТО ва хадамоти вижаи Украина ва Молдова баргузор мешаванд."Алянс фаъолиятҳои тахрибкорӣ ва террористии воҳидҳои мусаллаҳ ва хадамоти махсуси режими Киевро ҳамоҳанг мекунад, сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро аз зархаридони хориҷӣ ва ҷангиёни созмонҳои байналмилалии террористӣ пурра мекунад", - хулоса кард раиси ХФА Русия.Дар ин нишаст ҳамзамон мавзӯҳои самаранокии ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти зӯроварии ифротгароӣ, муқовимат ба қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир, таъсири иттилоотию равонӣ ва паҳн намудани маълумоти бардурӯғ баррасӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20230601/lukashenko-kiev-nakhost-vaziyat-roh-maslihat-hal-1057483320.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102350/63/1023506395_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_cba1206baf7372238d07ce28a11ebbdc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бортников ғарб ноором идм
бортников ғарб ноором идм
Раҳбари ХФА: Ғарб талоши нооромии ИДМ-ро дорад
Раҳбари Хадамоти федералии амнияти Русия мегӯяд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дучори чолишу таҳдидҳои бемислу монанд шудааст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ғарб мехоҳад, ки вазъияти ИДМ-ро бо роҳи қатъиян зиёд кардани замимаи таниш ноустувор гардонад.
Дар ин бора директори Хадамоти федералии амнияти Русия Александр Бортников зимни мулоқоти раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко бо иштирокдорони ҷаласаи 52-юми Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ, ки дар Минск ҷараён дорад, хабар дод.
"Ғарб дастаҷамъона роҳи ноором кардани кишварҳои Иттиҳод ва Давлати Иттиҳодро пеш гирифт, ки потенсиали низоъ дар саросари ИДМ ва сарҳадҳои онро якбора афзоиш диҳад", - гуфт мавсуф.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки пешгӯиҳои як сол қабл оид ба вазъи амалиётӣ рӯйдодҳои имсоларо пурра тасдиқ мекунанд.
Ба гуфтаи вай, дар наздикии марзи Беларус мунтазам тамринҳои нерӯҳои НАТО ва хадамоти вижаи Украина ва Молдова баргузор мешаванд.
"Алянс фаъолиятҳои тахрибкорӣ ва террористии воҳидҳои мусаллаҳ ва хадамоти махсуси режими Киевро ҳамоҳанг мекунад, сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро аз зархаридони хориҷӣ ва ҷангиёни созмонҳои байналмилалии террористӣ пурра мекунад", - хулоса кард раиси ХФА Русия.
Дар ин нишаст ҳамзамон мавзӯҳои самаранокии ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти зӯроварии ифротгароӣ, муқовимат ба қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир, таъсири иттилоотию равонӣ ва паҳн намудани маълумоти бардурӯғ баррасӣ шудааст.