Омодагии Эрон барои содироти густурдаи техникаи низомӣ ба кишварҳо дӯст

© Sputnik / Виктор Толочко / Гузариш ба медиабонкМеждународная выставка вооружения и военной техники MILEX-2023
Международная выставка вооружения и военной техники MILEX-2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2023
Обуна шудан
Артиши Эрон ба ҷуз фурӯши силоҳ имкони баргузории тамринҳои муштарак барои интиқоли таҷрибаи ҷангиро баррасӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эрон барои содироти густурдаи таҷҳизоти низомӣ ва дифоъӣ ба кишварҳои дӯст омода аст.
Дар ин бора сардори штаби генералии қувваҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Муҳаммад Боқирӣ изҳор дошт.
Ба гузориши хабаргузории маҳаллии “Меҳр”, генерал ёдовар шуд, ки артиши Эрон омода аст, давлатро аз ҳама гуна таҳдидҳо ҳифз кунад.
Боқирӣ афзудааст, ки зарфияти низомии Эрон метавонад ба кишварҳои дӯст хидмат кунад, ки ба равобити байналмилалии дифоъ таъсири мусбат мерасонад ва аз рақибони эҳтимолӣ ҷилавгирӣ мекунад.
"Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон комилан омода ҳастанд, ки равобит (бо дигар кишварҳо - таҳрир) дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла содироти бузурги таҷҳизоти дифоъӣ ва низомӣ густариш диҳанд", - афзуд ӯ.
Илова бар ин, ба гуфтаи генерал, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон имкони баргузории тамринҳои муштарак барои интиқоли таҷрибаи ҷангиро баррасӣ мекунанд.
Запуск ракеты с судна во время военно-морских учений Ирана в Персидском заливе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Эрон хостори иштирок дар размоишҳо бо кишварҳои СҲШ шуд
Қаблан хабар дода шуда буд, ки як мушаки баллистикии фаросавтии сохти Эрон аз ҳама озмоишҳо бомуваффақият гузашт.
Ба гуфтаи генерал Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, суръати он метавонад ба 16 000 километр/соат бирасад.
Лентаи хабарҳо
0