https://sputnik.tj/20230327/bad-gusht-narkhi-shir-ham-dar-khatlon-bolo-raft-1055788661.html
Баъд гӯшт нархи шир ҳам дар Хатлон боло рафт
Баъд гӯшт нархи шир ҳам дар Хатлон боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атрофи он нархи як литр шир, ки пештар 5 сомонӣ арзиш дошт,ба 8 сомонӣ расид
2023-03-27T18:59+0500
2023-03-27T18:59+0500
2023-03-27T19:51+0500
дар тоҷикистон
хатлон
бохтар
шир
гӯшт
нарх
болоравӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/77/1022637765_0:23:2997:1708_1920x0_80_0_0_31ba0aa73c97870c89f33293426408e5.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар нархи як литр шир, ки пештар 4-5 сомонӣ буд, якбора ба 8 сомонӣ расидааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.Тибқи иттилои манбаъ, сокинони дар болоравии нарх тоҷиронро айбдор мекунанд ва мегӯянд тоҷирон медонанд, дар ин моҳ мардум бештар ширчой истеъмол мекунанд, ва ба ҳамин хотир, нархи ширро ду баробар боло бурданд.Дар ҳамин ҳол, ширфӯрушон дар болоравии нархи шир назари дигаре доранд ва дар қиматшавии шир фермаҳо ва сокинонро айбдор мекунанд.Онҳо мегӯянд қаблан ширро арзон мегирифтанд, ҳоло бошад як литри онро аз онҳо аз 5 то 6 сомонӣ мехаранд ва маҷбуранд болояш як-ду сомонии дигар изофа намоянд.Чанде пеш хабар расида буд, ки дар бозорҳои вилояти Хатлон, хоса шаҳри Бохтар, нархи як килограм гӯшт аз 65 ба 68 сомонӣ боло рафтааст.Мардум дар моҳи шарифи Рамазон барои омода кардани хӯрок бештар гӯшту шир мехаранд, ва талабот ба ин маҳсулот меафзояд ва тоҷирон низ аз он истифода мекунанд ва нархи онро боло мебаранд.Бояд гуфт, ки ҳамасола дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулоти ниёзи авал аз ҷониби соҳибкорону баланд карда мешаваду ин ҳолат норозигии аксар сокинонро ба бор меоварад.
https://sputnik.tj/20230301/afzoishi-istehsoli-gusht-tojikiston-1055243433.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/77/1022637765_31:0:2698:2000_1920x0_80_0_0_85db2a86e14e4b39b62853bd9b99366f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, шир, нарх, болоравӣ, қимат, гӯшт, рамазон, бозор
тоҷикистон, хатлон, шир, нарх, болоравӣ, қимат, гӯшт, рамазон, бозор
Баъд гӯшт нархи шир ҳам дар Хатлон боло рафт
18:59 27.03.2023 (Навсозишуда: 19:51 27.03.2023) Дар моҳи шарифи Рамазон дар вилояти Хатлон қимати шир боло рафтааст. Нархи як литр шир дар маркази вилоят 3 сомонӣ гаронтар шудааст
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар нархи як литр шир, ки пештар 4-5 сомонӣ буд, якбора ба 8 сомонӣ расидааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Тибқи иттилои манбаъ, сокинони дар болоравии нарх тоҷиронро айбдор мекунанд ва мегӯянд тоҷирон медонанд, дар ин моҳ мардум бештар ширчой истеъмол мекунанд, ва ба ҳамин хотир, нархи ширро ду баробар боло бурданд.
Дар ҳамин ҳол, ширфӯрушон дар болоравии нархи шир назари дигаре доранд ва дар қиматшавии шир фермаҳо ва сокинонро айбдор мекунанд.
Онҳо мегӯянд қаблан ширро арзон мегирифтанд, ҳоло бошад як литри онро аз онҳо аз 5 то 6 сомонӣ мехаранд ва маҷбуранд болояш як-ду сомонии дигар изофа намоянд.
Чанде пеш хабар расида буд, ки дар бозорҳои вилояти Хатлон, хоса шаҳри Бохтар, нархи як килограм гӯшт аз 65 ба 68 сомонӣ боло рафтааст.
Мардум дар моҳи шарифи Рамазон барои омода кардани хӯрок бештар гӯшту шир мехаранд, ва талабот ба ин маҳсулот меафзояд ва тоҷирон низ аз он истифода мекунанд ва нархи онро боло мебаранд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулоти ниёзи авал аз ҷониби соҳибкорону баланд карда мешаваду ин ҳолат норозигии аксар сокинонро ба бор меоварад.