https://sputnik.tj/20230213/kobulov-metavonad-tolib-qudrat-sarnagun-1054879981.html
Кобулов гуфт, кӣ метавонад толибҳоро аз қудрат сарнагун кунад
Кобулов гуфт, кӣ метавонад толибҳоро аз қудрат сарнагун кунад
Sputnik Тоҷикистон
Фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия аз табоҳтар шудани ҳоли мардум дар Афғонистон гуфта, онро замина барои сарнагунии ҳукумати толибҳо хонд
2023-02-13T18:05+0500
2023-02-13T18:05+0500
2023-02-13T18:05+0500
дар русия
амният ва мудофиа
толибон
афғонистон
замир кобулов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0d/1054862996_0:141:3064:1865_1920x0_80_0_0_03df571ebbfc57ecb114471933d871e5.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Мардуми Афғонистон метавонанд толибҳоро* сарнагун кунанд. Ин нуктаро фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, Замир Кабулов, дар мусоҳиба бо маҷаллаи ҳиндии “The Week” изҳор дошт.Ӯ гуфт, бад шудани шароити зиндагии аҳолии ин кишвар, метавонад боиси сарнагунии ҳукумати ин гуруҳ гардад. Ба гуфтаи вай, режими феълии Афғонистон чолишҳои эҳтимолии қудрати худро, ки на аз хориҷи кишвар, балки аз дохили он - аз ҷониби аҳолӣ меояд, нодида мегирад. ""Толибҳо мисли ҳукуматҳои пешинаи дастнишонда, хушбахтанд, ки афроде мисли афғонистониҳоро доранд, ки танҳо бо як пора нону об зиндагӣ мекунанд. Аммо вазъ ин тавр идома карда наметавонад", - гуфт ӯ.Қаблан намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон бо таассуф изҳор дошта буд, ки толибҳо ба ташкили давлати фарогир бе тавваҷуҳ ҳастанд.Ба гуфтаи Кобулов, талошҳои кишварҳои минтақа то ҳадди зиёде ба суботи мақомоти феълӣ кумак кард, ки бештари онҳо бар хилофи таҳримҳои Ғарб ҳузури сиёсӣ ва дипломатики худро дар Афғонистон ҳифз карданд.Вай афзуд, буҳрони интиқоли қудрат дар Афғонистон рафъ гардида, зарурати иқдоми бештар барои таъмини амнияту мубориза бо таҳдидҳоро таъкид намуд.Толибҳо нимаи августи соли 2021 қудратро дар Кобул ғасб карда, аз поёни ҷанг дар Афғонистон хабар доданд.
https://sputnik.tj/20230209/putin-firori-ima-afghoniston-vaz-bad-1054803586.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0d/1054862996_210:0:2941:2048_1920x0_80_0_0_0a31419c71179807a889be6bb7463fe2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фиристода, вижа, ҳукумат, толиб, сарнагун
фиристода, вижа, ҳукумат, толиб, сарнагун
Кобулов гуфт, кӣ метавонад толибҳоро аз қудрат сарнагун кунад
Фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия аз табоҳтар шудани ҳоли мардум дар Афғонистон гуфта, онро замина барои сарнагунии ҳукумати толибҳо хонд
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Мардуми Афғонистон метавонанд толибҳоро* сарнагун кунанд.
Ин нуктаро фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, Замир Кабулов, дар мусоҳиба бо маҷаллаи ҳиндии “The Week” изҳор дошт.
Ӯ гуфт, бад шудани шароити зиндагии аҳолии ин кишвар, метавонад боиси сарнагунии ҳукумати ин гуруҳ гардад.
Ба гуфтаи вай, режими феълии Афғонистон чолишҳои эҳтимолии қудрати худро, ки на аз хориҷи кишвар, балки аз дохили он - аз ҷониби аҳолӣ меояд, нодида мегирад.
""Толибҳо мисли ҳукуматҳои пешинаи дастнишонда, хушбахтанд, ки афроде мисли афғонистониҳоро доранд, ки танҳо бо як пора нону об зиндагӣ мекунанд. Аммо вазъ ин тавр идома карда наметавонад", - гуфт ӯ.
Қаблан намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон бо таассуф изҳор дошта буд, ки толибҳо ба ташкили давлати фарогир бе тавваҷуҳ ҳастанд.
Ба гуфтаи Кобулов, талошҳои кишварҳои минтақа то ҳадди зиёде ба суботи мақомоти феълӣ кумак кард, ки бештари онҳо бар хилофи таҳримҳои Ғарб ҳузури сиёсӣ ва дипломатики худро дар Афғонистон ҳифз карданд.
Вай афзуд, буҳрони интиқоли қудрат дар Афғонистон рафъ гардида, зарурати иқдоми бештар барои таъмини амнияту мубориза бо таҳдидҳоро таъкид намуд.
Толибҳо нимаи августи соли 2021 қудратро дар Кобул ғасб карда, аз поёни ҷанг дар Афғонистон хабар доданд.