Собиқ вазири тоҷик муҳоҷират ба Русия барои таҳсилро ояндадор хонд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкГлава МД РФ С. Лавров открыл полит-консультации стран-членов ШОС в Москве
Глава МД РФ С. Лавров открыл полит-консультации стран-членов ШОС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Обуна шудан
Беш аз чор се ҳиссаи донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, донишгоҳҳои Русияро интихоб мекунанд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Аз шумори умумии донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, 76% донишгоҳҳои Русияро интихоб кардаанд.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Тоҷикистон, собиқ дабири Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва профессори Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон Рашид Олимов изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли таҳсили 2022-2023 теъдоди тоҷикистониён дар донишгоҳҳои Русия аз 30 ҳазор нафар гузаштааст. Дар миёни тоҷикистониён ихтисосҳои тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисод ва менеҷмент нисбатан маъруф аст.
"Тамоюли муҳоҷирати таҳсилотӣ солҳои тӯлонӣ идома хоҳад кард, зеро Русия яке аз ҷолибтарин кишварҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст", - таъкид намуд собиқ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Қаблан раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба маориф ва илм, Лилия Гумерова изҳор дошт, ки дар соли хониши 2022-2023 шумораи квота барои тоҷикистониён, ки аз буҷети Русия маблағгузорӣ мешавад, 100 адад зиёд шуда, ба 750 адад расонида шуд.
Дар рафти чорабинӣ қонунгузорон дурнамои ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо ва эътирофи мутақобилаи унвонҳои илмиро баррасӣ карданд.
Молодые люди  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Чаро донишҷӯёни тоҷик мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд?: Посухи донишҷӯён
Ҳамин тариқ донишҷӯёни Тоҷикистон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои Русия ройгон таҳсил кунанд. Ба далели он ки забони русӣ дар кишвар забони расмии муоширтаи байни миллатҳо мебошад, мутобиқ шудани донишҷӯёни тоҷик дар Русия осонтар арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0