Сафорат фавти ду тоҷикистонӣ дар Иркутскро тавзеҳ дод

© Sputnik / Стас ЭтвешПосольство Республики Таджикистан в Москве
Посольство Республики Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Обуна шудан
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск барои интиқол додани ҷасади муҳоҷирони тоҷик ба Ватан изҳори омодагӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ду муҳоҷири тоҷик бар асари садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутск ба ҳалокат расиданд.
Фавти муҳоҷирони тоҷикро намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуда, изҳор дошт, ки ҳодисаи нохуш зери назорати ин ниҳод ва Конусулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосбирск қарор дорад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, дар километри 264- уми шоҳроҳи шаҳри Братск мошини Камаз ба як худрав бархӯрдааст, ки дар натиҷа ҳар чор мусофири мошини сабукрав дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Ба таъкиди сафорат, шахсияти ду нафари ҳалокшуда аз ҷониби Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвар муайян шуд ва онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Шахсияти дуи дигар номаълум аст.
Посольство Республики Таджикистан в РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Изҳори омодагии сафорат барои интиқоли ҷасадҳои муҳоҷирон
Ин ниҳод ба пайвандони кушташудагон изҳори ҳамдардӣ карда, зикр намуд, ки Консулгарии Тоҷикистон дар Новосибирск омодааст ба хешовандони онҳо кумаки зарурӣ расонад ва ҳамзамон ҷасади марҳумонро ба Ватан интиқол диҳад.
Ёдовар мешавем, ки чанд моҳ қабл дар ноҳияи Сизрани вилояти Самара айнан ҳамин гуна ҳодисаи нохуш рух дод, ки дар натиҷа чор шаҳрванди Тоҷикистон ҷон аз даст доданд.
Он замон мошини шаҳрвандони Тоҷикистон дар шоҳроҳи М5"Урал" бо як мошини боркаши тамғаи "MAN" бархӯрд.

Дар ин ҳодиса ҳамчунин як тоҷикистонии дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта буд.
Лентаи хабарҳо
0