Патрушев: Аксари украиниҳо дарк карданд, ки бо дастони онҳо Ғарб бо Русия меҷангад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Русия қайд кард, ки украиниҳо кайҳо дарк кардаанд, ки чӣ рух додааст, аммо айни замон аз гуфтори ошкорову ҷони худ тарс доранд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Аргументы и факты” гуфт, бисёре аз украиниҳо аллакай дарк кардаанд, ки Ғарб бо дастони онҳо алайҳи Русия меҷангад.
Вай афзуд, дар айни замон украиниҳо аз гуфтори ошокоро тарс доранд, чун нигарони ҷони худ ҳастанд.
"Шаҳрвандони Украина ҳар қадар зудтар дарк кунанд, ки Ғарб бо дасти онҳо алайҳи Русия меҷангад, ҳамон қадар ҷони бештар наҷот хоҳад ёфт", - таъкид кард ӯ.
Патрушев афзуд, Ғарб нақша надорад, ки аз ҷони касеро бар зарари манфиатҳои худ наҷот диҳад.
 Президент РФ Владимир Путин и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2023
Путин ба Эрдуғон: Русия барои музокира бо Украина ҳамеша омодааст
"Амрикоиҳо, бритониёиҳо ва дигар аврупоиҳо аксар вақт тасаввуреро эҷод мекунанд, ки тамаддунро аз ваҳшиён ҳифозат мекунанд", - гуфт Дабири Шӯрои амният.
Ба ақидаи ӯ, ҳаводиси Украина як бархурди Маскаву Киев нест, ин як бархурди низомии НАТО – ИМА ва Англия – бо Русия аст. Ҳоло низомиёни НАТО "бачаҳои украиниро ба марг равон мекунанд".
"Мо бо Украина дар ҷанг нестем, зеро аз рӯи таъриф мо наметавонем нисбат ба украинҳои оддӣ нафрат дошта бошем. Анъанаҳои украинӣ ба сокинони Русия наздиканд, ҳамонгуна, ки мероси мардуми Русия аз фарҳанги украиниҳо ҷудонашаванда аст", - гуфт ӯ.
Вай дар хотима гуфт, ки амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина ба “таҷрибаи хунини Ғарб барои нобуд кардани халқи бародарии Украина” хотима мегузорад.
Лентаи хабарҳо
0