https://sputnik.tj/20221227/raisijumhur-afghoniston-kishvar-masulash-ima-1053841010.html
Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон: ҳарончи дар кишвар рух дод, масъулаш ИМА аст
Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон: ҳарончи дар кишвар рух дод, масъулаш ИМА аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури пешини Афғонистон, ки пас аз ба қудрат расидани толибон дар Кобул боқӣ монд, ИМА-ро дар он чи бо ин кишвар рух дод, муттаҳам кард
2022-12-27T21:15+0500
2022-12-27T21:15+0500
2022-12-27T21:12+0500
ҳамид карзай
има
афғонистон
сиёсат
нато
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1b/1053837493_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_38eb18e38b0cda9da979d7126b820e61.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, Амрикоро дар фасоди чандмиллиондолларии марбут ба қарордодҳо барои бозсозии ин кишвар муттаҳам кард. Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо рӯзномаи Washington Post изҳор дошт.Ба гуфтаи вай, дар ҳодисаи сарнавишти Афғонистон маҳз ИМА гунаҳкор аст. "Ҳамон лаҳзае фаҳмидам, ки ҷанге, ки ба номи шикаст додани терроризм сурат гирифт, воқеан ҷанг алайҳи мардуми Афғонистон аст, ҳама чиз тағйир ёфт", - гуфт раисиҷумҳури собиқ дар бораи ҳамкориҳои худ бо нерӯҳои низомии Амрико. Ҳомид Карзайро барои идораи бесалоҳияти кишвар дар як давраи барояш душвор, нодида гирифтани ниёзҳои мардум ва фасод интиқод мекунанд. Пас аз ба қудрат расидани толибон, ӯ дар пойтахт таҳти ҳабси хонагӣ монд ва билохира раҳо шуду дар хориҷ ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст задааст.Пас аз раҳоӣ номбурда бо сиёсиюни фирории ин кишвар дидорҳо дошта, тарҳи гуфтумони миллиро роҳандозӣ дорад, ки ба гуфтаи таҳлилгарон муваффақ нахоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20221130/masud-dushanbe-qabuli-hukumat-tolib-1053171850.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1b/1053837493_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_d1a94ae8c62d2bf6dc0c6e8489110f6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
карзай има масъул ҳаводис афғонистон
карзай има масъул ҳаводис афғонистон
Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон: ҳарончи дар кишвар рух дод, масъулаш ИМА аст
Раисҷумҳури пешини Афғонистон, ки пас аз ба қудрат расидани толибон дар Кобул боқӣ монд, ИМА-ро дар он чи бо ин кишвар рух дод, муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, Амрикоро дар фасоди чандмиллиондолларии марбут ба қарордодҳо барои бозсозии ин кишвар муттаҳам кард.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо рӯзномаи Washington Post изҳор дошт.
"Ман масъулияти фасод ва ришваҳои марбут ба пешниҳоди хадамотро ба ӯҳда мегирам... Аммо қарордодҳои бузург, фасоди бузург, садҳо миллион доллар, ин корест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дод", - гуфт Карзай.
Ба гуфтаи вай, дар ҳодисаи сарнавишти Афғонистон маҳз ИМА гунаҳкор аст.
"Ҳамон лаҳзае фаҳмидам, ки ҷанге, ки ба номи шикаст додани терроризм сурат гирифт, воқеан ҷанг алайҳи мардуми Афғонистон аст, ҳама чиз тағйир ёфт", - гуфт раисиҷумҳури собиқ дар бораи ҳамкориҳои худ бо нерӯҳои низомии Амрико.
Ҳомид Карзайро барои идораи бесалоҳияти кишвар дар як давраи барояш душвор, нодида гирифтани ниёзҳои мардум ва фасод интиқод мекунанд.
Пас аз ба қудрат расидани толибон, ӯ дар пойтахт таҳти ҳабси хонагӣ монд ва билохира раҳо шуду дар хориҷ ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст задааст.
Пас аз раҳоӣ номбурда бо сиёсиюни фирории ин кишвар дидорҳо дошта, тарҳи гуфтумони миллиро роҳандозӣ дорад, ки ба гуфтаи таҳлилгарон муваффақ нахоҳад шуд.