https://sputnik.tj/20221221/barfrezii-tormegh-havo-tojikiston-1053662378.html
Барфрезии сусту тормеғ: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Барфрезии сусту тормеғ: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ 8 дараҷа, дар Суғд то 7 дараҷа, Хатлон то 11 дараҷа, Душанбею навоҳии тобеи атроф то 11 дараҷа гарм мешавад
2022-12-21T10:27+0500
2022-12-21T10:27+0500
2022-12-21T10:36+0500
обу ҳаво
дар тоҷикистон
борон
барф
абрнок
гарм
хунукӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102917/89/1029178946_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_1293365a811e53bfeb9c4dd5b024c343.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон асосан абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони сусту барфрезӣ дар назар аст. Ба иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, истисно танҳо ВМКБ аст, ки ҳаво дар он ҷо тағйирёбандаи бебориз пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук дар назар аст. Суғдро низ ҳавои абрнок фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм дар назар аст. Хатлонро низ ҳавои абрноу бархе навоҳиро бориши сусти борон дар пеш аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мегардад. Дар қисматҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борони сусту барф ва фаромадани тормеғ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм дар назар аст. Дар мавриди Душанбе иттилоъ дода шуд, ки ҳаво асосан абрнок шуда, рӯзона борони суст мебораду тормеғ мефарояд. Ҳарорат шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 8+10 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20221207/zimiston-dushanbe-aksho-1053346548.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102917/89/1029178946_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_6eb5a2837b50b30314a7e3081e567c05.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯӣ, ҳаво, тоҷикистон, абрнок
пешгӯӣ, ҳаво, тоҷикистон, абрнок
Барфрезии сусту тормеғ: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
10:27 21.12.2022 (Навсозишуда: 10:36 21.12.2022) Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ 8 дараҷа, дар Суғд то 7 дараҷа, Хатлон то 11 дараҷа, Душанбею навоҳии тобеи атроф то 11 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон асосан абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони сусту барфрезӣ дар назар аст.
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, истисно танҳо ВМКБ аст, ки ҳаво дар он ҷо тағйирёбандаи бебориз пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук дар назар аст.
Суғдро низ ҳавои абрнок фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм дар назар аст.
Хатлонро низ ҳавои абрноу бархе навоҳиро бориши сусти борон дар пеш аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мегардад.
Дар қисматҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борони сусту барф ва фаромадани тормеғ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар мавриди Душанбе иттилоъ дода шуд, ки ҳаво асосан абрнок шуда, рӯзона борони суст мебораду тормеғ мефарояд. Ҳарорат шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 8+10 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.