https://sputnik.tj/20221129/khonumi-afghon-amriko-bovar-1053157753.html
Хонуми афғон ба сафири Амрико: “Мо дигар ба шумо бовар надорем!”
Хонуми афғон ба сафири Амрико: “Мо дигар ба шумо бовар надорем!”
Sputnik Тоҷикистон
Заҳро Каримӣ, собиқ раиси “Афғонфилм”, аз амалкарди Амрико дар мавриди раҳо кардани мардуми Афғонистон ба дасти Толибон шадидан интиқод кард
2022-11-29T21:45+0500
2022-11-29T21:45+0500
2022-11-30T10:37+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
амрико
амалкард
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1d/1053157597_0:31:3067:1756_1920x0_80_0_0_539733c37f8c5738849c459e80033543.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя – Sputnik. Духтарони афғон ҳайвон нестанд, мо дигар ба шумо бовар надорем, изҳор дошт роҳбари пешини "Афғонфилм", Заҳро Каримӣ дар хитоб ба масъули умур ва сарпарасти сафорати Амрико дар Афғонистон, Карен Деккер. Заҳро Каримӣ, ки дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, мо ба Амрико бовар надорем, зеро Амрико мо – мардуми Афғонистонро ба дасти қотилони мо раҳо кард.“Вақте Шумо дар чунин ҷаласаҳо пайдо мешавед ва мегӯед, ки мо занони афғонро фаромӯш накардаем, аммо беш аз як сол мешавад, ки шумо занони афғонро фвромӯш кардаед. Ҳоло духтари афғон мактаб намеравад, зани афғон кор намекунад. Мутаассифам. Раисҷумҳури шумо ҳамеша мегӯяд, ки Афғонистонро бад мебинад. Шумо аслан дар қиссаи мо нестед”, - гуфт собиқ раиси “Афғонфилм”.Вай афзуд, Афғонистон дигар пружаҳои кӯтоҳмуддату миёнамуддат ва дарозмуддат нест ва занони афғону насли ҷавони Афғонистон ҳоло ҳамаро хуб мефаҳманд ва андешаи худро баён карда метавонанд.Собиқ раиси “Афғонфилм” афзуд, ҳоло ҳудуди 500 ҳазор духтари Афғонистон наметавонанд мактаб раванд ва илм омӯзанд, аммо шумо талош доред, ки ҳамин режими мухолифи мактабро ба мо қабулонед.“Лутфан беҳуда моро бовар накунонед, ки толибон тағйир кардаанд. Аммо мо мехоҳем бо онҳо музокира кунем, ҳарф занем, зеро мо ватани худро дӯст медорем ва дӯст дорем дар ватани худ зиндагӣ кунем. Агар шумо минҳайси як кишвари абарқудрат ба мо кӯмак мекунед, бикунед, агар на, ваъдаи беҳуда надиҳед. 20 сол пеш ҳам чунин ваъда дода будед”, - гуфт вай.Заҳро Каримӣ, аввалин зане буд, ки дар замони ҷумҳурият ба раҳбарии “Афғонфилм” расид ва баъди ба қудрат расидани толибон Афғонистон ба қасди Украина тарк кард.Мухотаби ӯ Карен Деккер, масъули умур ё сарпарасти сафорати Амрико дар Афғонистон буд, ки ҳанӯз дар Кобул ба фаъолият шурӯъ накардааст. Вай дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, ки 29 – 30 ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, тааҳҳуди кишвараш барои ҳимоят аз занони Афғонистонро баён дошт.
https://sputnik.tj/20221129/tojikiston-afzoish-guruhho-terroristi-afghoniston-nigaron-1053135338.html
https://sputnik.tj/20221126/ruz-muzaduz-tasvir-1053090199.html
афғонистон
амрико
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1d/1053157597_163:0:2892:2047_1920x0_80_0_0_926cd98eda066e15cb1618c40b9392cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, амрико, сафир, бовар, амалкард, толибон, интиқод
афғонистон, амрико, сафир, бовар, амалкард, толибон, интиқод
Хонуми афғон ба сафири Амрико: “Мо дигар ба шумо бовар надорем!”
21:45 29.11.2022 (Навсозишуда: 10:37 30.11.2022) Эксклюзив
Cобиқ раиси “Афғонфилм”, аз амалкарди ИМА дар мавриди раҳо кардани мардуми Афғонистон ба дасти толибҳо дар ҳузури дипломати амрикоӣ шадидан интиқод кард
ДУШАНБЕ, 29 ноя – Sputnik. Духтарони афғон ҳайвон нестанд, мо дигар ба шумо бовар надорем, изҳор дошт роҳбари пешини "Афғонфилм", Заҳро Каримӣ дар хитоб ба масъули умур ва сарпарасти сафорати Амрико дар Афғонистон, Карен Деккер.
Заҳро Каримӣ, ки дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, мо ба Амрико бовар надорем, зеро Амрико мо – мардуми Афғонистонро ба дасти қотилони мо раҳо кард.
“Вақте Шумо дар чунин ҷаласаҳо пайдо мешавед ва мегӯед, ки мо занони афғонро фаромӯш накардаем, аммо беш аз як сол мешавад, ки шумо занони афғонро фвромӯш кардаед. Ҳоло духтари афғон мактаб намеравад, зани афғон кор намекунад. Мутаассифам. Раисҷумҳури шумо ҳамеша мегӯяд, ки Афғонистонро бад мебинад. Шумо аслан дар қиссаи мо нестед”, - гуфт собиқ раиси “Афғонфилм”.
Вай афзуд, Афғонистон дигар пружаҳои кӯтоҳмуддату миёнамуддат ва дарозмуддат нест ва занони афғону насли ҷавони Афғонистон ҳоло ҳамаро хуб мефаҳманд ва андешаи худро баён карда метавонанд.
“Аммо имрӯз ЮНИСЕФ шармандавор дар Афғонистон курсҳои пӯхтани нонро эҷод кардааст. Духтарони мо ҳайвони хонагӣ нестанд. Модарони мо хеле хуб нонпазиро метавонанд ва ҳоҷат ба ин нест, ки як нафар аз Амрико ё Инглис биёяд ва ба мо нонпазиро омӯзад”, - гуфт Заҳро Каримӣ.
Собиқ раиси “Афғонфилм” афзуд, ҳоло ҳудуди 500 ҳазор духтари Афғонистон наметавонанд мактаб раванд ва илм омӯзанд, аммо шумо талош доред, ки ҳамин режими мухолифи мактабро ба мо қабулонед.
“Лутфан беҳуда моро бовар накунонед, ки толибон тағйир кардаанд. Аммо мо мехоҳем бо онҳо музокира кунем, ҳарф занем, зеро мо ватани худро дӯст медорем ва дӯст дорем дар ватани худ зиндагӣ кунем. Агар шумо минҳайси як кишвари абарқудрат ба мо кӯмак мекунед, бикунед, агар на, ваъдаи беҳуда надиҳед. 20 сол пеш ҳам чунин ваъда дода будед”, - гуфт вай.
Заҳро Каримӣ, аввалин зане буд, ки дар замони ҷумҳурият ба раҳбарии “Афғонфилм” расид ва баъди ба қудрат расидани толибон Афғонистон ба қасди Украина тарк кард.
Мухотаби ӯ Карен Деккер, масъули умур ё сарпарасти сафорати Амрико дар Афғонистон буд, ки ҳанӯз дар Кобул ба фаъолият шурӯъ накардааст. Вай дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, ки 29 – 30 ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, тааҳҳуди кишвараш барои ҳимоят аз занони Афғонистонро баён дошт.