Бориш намешавад: Пешгӯии ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон

© Sputnik Осень в городе Душанбе
Осень в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2022
Обуна шудан
Ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 9 дараҷа, Суғд то 17 дараҷа, Хатлон то 22 дараҷа, Душанбею атрофи он то 20 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда ва асосан бебориш дар назар аст, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Боришот дар Суғд низ дар назар нест. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Ҳушдори Раҳмон аз афзоиши офатҳо: Ӯ роҳ сӯи ояндаи осударо нишон дод
Вилояти Хатлонро низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона то 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона то 14+19 дараҷа гармӣ мерасад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар пеш буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона 5+7 дараҷа гарм ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0