https://sputnik.tj/20221031/maskav-bozgasht-intiqoli-ghalla-ukraina-1052529242.html
Маскав шарти баррасии бозгашт ба созиши интиқоли ғалла аз Украинаро гуфт
Маскав шарти баррасии бозгашт ба созиши интиқоли ғалла аз Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Маскав барои баррасии ҳамлаи террористӣ дар обҳои Севастопол ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ-ро даъват карда, афзуд, иқдоми минбаъда баъдан маълум хоҳанд шуд
2022-10-31T09:00+0500
2022-10-31T09:00+0500
2022-10-31T09:00+0500
дар русия
ғалла
амният ва мудофиа
таъмин кардан
вазорати умури хориҷии русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176248_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_33be344f0536dc86b3b07520adcdff82.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Дар бораи имкони бозгашти Русия ба созишномаи интиқоли ғалла аз Украина танҳо пас аз маълум шудани ҳама ҳолатҳои ҳамла ба киштиҳои нерӯҳои обии Баҳри Сиёҳ дар обҳои Севастопол сӯҳбат кардан мумкин аст. Ин нуктаро муовини вазири корҳои хориҷии Русия, Андрей Руденко баён дошта, ҳамларо густохии комил хонд, ки тамоми тавофуқҳои ҳосилшударо нақз мекунад. Руденко ҳамчунин ёдовар шуд, ки Маскав барои баррасии ин масъала ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ-ро даъват кардааст.Ахиран мақомоти дифоии Русия эълон кард, бесарнишинҳои обию ҳавоие, ки дар минтақаи обии Севастопол киштиҳою инфрасохторро мавриди ҳамла қарор додаанд, аз тариқи масири амниятии мувофиқашуда барои интиқоли ғалла истифода кардаанд. Маврид ба зикр аст, ки баъди зуҳри 29 октябр Вазорати дифои Русия ширкат дар содироти маҳсулот аз бандарҳои Украинаро ба далели ҳамлаи террористӣ ба киштиҳо дар наздикии Севастопол мутаваққиф кардааст.Русия омода аст ғаллаи Украинаро дар бозори ҷаҳонӣ комилан иваз кунад ва ба ҳамаи кишварҳои ниёзманд бо нархи дастрас таъмин созад.Дар зимн вазири кишоварзии Русия, Дмитрий Патрушев, дар пасманзари қатъи иштироки Маскав дар созиш барои интиқоли ғалла аз Украина гуфт, омодаанд онро дар бозори ҷаҳонӣ иваз намоянду ба кишварҳои ниёзманд ғалларо дастрас кунанд. "Бо дарназардошти ҳосили имсола, Русия омода аст, ғаллаи Украинаро комилан иваз кунад ва ба ҳамаи кишварҳои манфиатдор бо нархҳои қобили қабул интиқол диҳад", - гуфт ӯ.Ба иттилои вазир, Русия аллакай 150 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ намуда, имкони содирот дар мавсими имсола беш аз 50 млн тонна арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20221030/rusiya-omodagi-tamin-kishvar-ghalla-1052519944.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176248_212:0:2943:2048_1920x0_80_0_0_2cdaeac41eed939ba441705d6c998e87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созиш, интиқол, ғалла, украинӣ
созиш, интиқол, ғалла, украинӣ
Маскав шарти баррасии бозгашт ба созиши интиқоли ғалла аз Украинаро гуфт
Маскав барои баррасии ҳамлаи террористӣ дар обҳои Севастопол ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ-ро даъват карда, афзуд, иқдоми минбаъда баъдан маълум хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Дар бораи имкони бозгашти Русия ба созишномаи интиқоли ғалла аз Украина танҳо пас аз маълум шудани ҳама ҳолатҳои ҳамла ба киштиҳои нерӯҳои обии Баҳри Сиёҳ дар обҳои Севастопол сӯҳбат кардан мумкин аст.
Ин нуктаро муовини вазири корҳои хориҷии Русия, Андрей Руденко баён дошта, ҳамларо густохии комил хонд, ки тамоми тавофуқҳои ҳосилшударо нақз мекунад.
"Аз ин рӯ, эҳтимол танҳо пас аз муайянсозии ҳамаи ҷузъиёт, метавон гуфт, ки қадамҳои минбаъда чӣ гуна хоҳанд буд", - гуфт ӯ.
Руденко ҳамчунин ёдовар шуд, ки Маскав барои баррасии ин масъала ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ-ро даъват кардааст.
Ахиран мақомоти дифоии Русия эълон кард, бесарнишинҳои обию ҳавоие, ки дар минтақаи обии Севастопол киштиҳою инфрасохторро мавриди ҳамла қарор додаанд, аз тариқи масири амниятии мувофиқашуда барои интиқоли ғалла истифода кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди зуҳри 29 октябр Вазорати дифои Русия ширкат дар содироти маҳсулот аз бандарҳои Украинаро ба далели ҳамлаи террористӣ ба киштиҳо дар наздикии Севастопол мутаваққиф кардааст.
Русия омода аст ғаллаи Украинаро дар бозори ҷаҳонӣ комилан иваз кунад ва ба ҳамаи кишварҳои ниёзманд бо нархи дастрас таъмин созад.
Дар зимн вазири кишоварзии Русия, Дмитрий Патрушев, дар пасманзари қатъи иштироки Маскав дар созиш барои интиқоли ғалла аз Украина гуфт, омодаанд онро дар бозори ҷаҳонӣ иваз намоянду ба кишварҳои ниёзманд ғалларо дастрас кунанд.
"Бо дарназардошти ҳосили имсола, Русия омода аст, ғаллаи Украинаро комилан иваз кунад ва ба ҳамаи кишварҳои манфиатдор бо нархҳои қобили қабул интиқол диҳад", - гуфт ӯ.
Ба иттилои вазир, Русия аллакай 150 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ намуда, имкони содирот дар мавсими имсола беш аз 50 млн тонна арзёбӣ мешавад.