https://sputnik.tj/20221019/vazir-difo-qirghiziston-sulh-tojikiston-1052249787.html
Вазири дифои Қирғизистон: Бе тарафи сеюм сулҳ бо Тоҷикистон нахоҳад буд
Вазири дифои Қирғизистон: Бе тарафи сеюм сулҳ бо Тоҷикистон нахоҳад буд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Қирғизистон аз собиқаи қариб якасраи баҳсҳо сари замин миёни тоҷикону қирғизҳо гуфта, роҳи ҳаллашро ба дабири СААД баён доштаст
2022-10-19T11:22+0500
2022-10-19T11:22+0500
2022-10-19T11:26+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
амният ва мудофиа
осиёи марказӣ
қирғизистон
марз
вазир
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1348:759_1920x0_80_0_0_d3e419ce9746d21b2ccc8d5b16f0594e.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Сулҳ миёни тоҷикону қирғизҳо бидуни доварии тарафи сеюм эҷод нахоҳад шуд, изҳор дошт вазири мудофиаи Қирғизистон, Бактибек Бекболотов. Ӯ гуфт, ин нуктаро ахиран бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Станислав Зас, ки дар Бишкек қарор дошт, ба миён гузошт. Вай афзуд, дар ин миён ҳакаме зарур аст ва аз ҷумла ҳузури нерӯҳои СААД-ро дар минтақаҳои баҳсӣ пешниҳод кардааст.Ба гуфтаи Бекболотов бо мусоидати ҳакам бояд се вазифаи аслӣ ҳал карда шаванд. "Якум, назорати оташбас, дуюм, аз сарҳади давлатӣ баровардани силоҳу техникаи вазнин", - таъкид намудаст вазир.Ӯ илова намудаст, ки агар ин масъалаҳо ҳал шаванд, пас имкон дорад, ки вазифаи сеюм, ки сиёсист – аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳал шавад. Ба иттилои Бекболотов баҳсҳо сари замин дар ин минтақа на 30 сол, балки собиқаи 98-сола доранд. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.
https://sputnik.tj/20221018/maqomot-tojikiston-khisorot-munoqisha-marz-1052210836.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_45a9084e62f5f55698c6d252610613b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, дифоъ, сулҳ, қирғизистон, тоҷикистон
вазир, дифоъ, сулҳ, қирғизистон, тоҷикистон
Вазири дифои Қирғизистон: Бе тарафи сеюм сулҳ бо Тоҷикистон нахоҳад буд
11:22 19.10.2022 (Навсозишуда: 11:26 19.10.2022) Вазири дифои Қирғизистон аз собиқаи қариб якасраи баҳсҳо сари замин миёни тоҷикону қирғизҳо гуфта, роҳи ҳаллашро ба дабири СААД баён доштаст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Сулҳ миёни тоҷикону қирғизҳо бидуни доварии тарафи сеюм эҷод нахоҳад шуд, изҳор дошт вазири мудофиаи Қирғизистон, Бактибек Бекболотов.
Ӯ гуфт, ин нуктаро ахиран бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Станислав Зас, ки дар Бишкек қарор дошт, ба миён гузошт.
"Дабири кулли СААД Станислав Зас чанде пеш дар Қирғизистон буд. Ман ба ӯ гуфтам, ки миёни қирғизҳо ва тоҷикон сулҳ нахоҳад буд. Чаро? Чунки қирғизҳо ҳақиқати худ ва тоҷикҳо ҳақиқати худро доранд", - изҳор дошт вазир.
Вай афзуд, дар ин миён ҳакаме зарур аст ва аз ҷумла ҳузури нерӯҳои СААД-ро дар минтақаҳои баҳсӣ пешниҳод кардааст.
Ба гуфтаи Бекболотов бо мусоидати ҳакам бояд се вазифаи аслӣ ҳал карда шаванд.
"Якум, назорати оташбас, дуюм, аз сарҳади давлатӣ баровардани силоҳу техникаи вазнин", - таъкид намудаст вазир.
Ӯ илова намудаст, ки агар ин масъалаҳо ҳал шаванд, пас имкон дорад, ки вазифаи сеюм, ки сиёсист – аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳал шавад. Ба иттилои Бекболотов баҳсҳо сари замин дар ин минтақа на 30 сол, балки собиқаи 98-сола доранд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.