Русия 500 бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯёни Афғонистон ихтисос дод

© Александр ХроленкоВ учебной аудитории Кабульского политехнического института
В учебной аудитории Кабульского политехнического института - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Обуна шудан
Русия эълом кард, ки барои омузиш ва тарбияти кадрҳо 500 бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯён Афғонистон барои соли таҳсилии 2024 - 2023 ихтисос додааст
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Сафорати Русия дар Афғонистон эълом кард, ки 500 бурсияи таҳсилӣ дар мақотеъи лисонс, каршиноси аршад ва докторӣ барои донишҷӯёни Афғонистон дар назар гирифтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Сафорати Русия дар Кобул эълом кард, ки барои омузиш ва тарбияти кадрҳои миллии Афғонистони 500 бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯёни ин кишвар барои соли таҳсилии 2023 - 2024 барои Афғонистон ихтисос додааст.
Аз тарафи дигари вазорати таҳсилоти олии толибон эълом кардааст,ки интихоби ниҳои донишҷӯён аз сӯии вазорати таҳсилоту улуми Русияи анҷом хоҳад шуд.
Женщина в парандже несет на голове мешок с луком на рынке в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Ҳушдори СММ дар бораи фурупошии иқтисоди Афғонистон
Як сол пас аз ба қудрат расидани муҷаддади толибон дар Афғонистон, то кунун ҳеҷ кишварии огҳоро ба расмияти нашинохта ва кишварҳои ғарбӣ эълом карданд ки ин гурӯҳ барои машруъияти ҷаҳонӣ ниёзманди тағйир дар сиёсати худ аз ҷумлаи вазъи маҳдудият бар занон афғонаст.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои ИМА ва НАТО баъди ҳузури 20-солаашон тобистони соли 2021 қаламрави Афғонистонро тарк карданд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ толибҳо минтақаҳои кишварро ғасб намуда, нимаи моҳи августи соли гузашта шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро ғасб намуданд.
Лентаи хабарҳо
0