https://sputnik.tj/20221004/peshnihod-sozish-rusiya-ukraina-mask-1051853247.html
Баъди нақшаи созиш миёни Русия ва Украина: Ба Маск президентӣ дар ИМА пешниҳод шуд
Баъди нақшаи созиш миёни Русия ва Украина: Ба Маск президентӣ дар ИМА пешниҳод шуд
Sputnik Тоҷикистон
Одамоне ба мисли Илон Маск бояд президенти Иёлоти Муттаҳида шаванд, на мисли Ҷо Байден, ки кишварро ба қотили байналмилалӣ табдил дод, мегӯяд вакили Дума
2022-10-04T10:28+0500
2022-10-04T10:28+0500
2022-12-22T14:05+0500
дар ҷаҳон
илон маск
сиёсат
украина
ҷанг
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047379080_0:58:3059:1778_1920x0_80_0_0_835ebb1b35008187c1701117234edbf3.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ аз минтақаи Қрим Михаил Шеремет бар ин назар аст, ки президенти нави ИМА бояд соҳибкори амрикоӣ Илон Маск бошад, навиштааст РИА "Новости". Қаблан, соҳибкори амрикоӣ Илон Маск дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина бо нигоҳ доштани Қрим дар ҳайати Русия ва баргузории ҳамапурсии такрорӣ таҳти назорати СММ дар вилоятҳои Донбасс, Херсон ва Запороже пешниҳод карда буд. Дар пайи ин вакили Думаи давлатӣ изҳор дошт, ки одамоне ба мисли Маск бояд президенти Иёлоти Муттаҳида шаванд, на мисли Байден, ки кишварро ба як золим ва қотили байналмилалӣ табдил дод. Маврид ба зикр аст, ки ахиран Маск навишт, ки ба имкони пирӯзии Украина дар сурати ҷанги густарда бо Русия шубҳа дорад ва ҷонибҳоро ба сулҳ даъват кардааст.Вай инчунин дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина пешниҳод кард. Дар баробари раъйдиҳии такрорӣ дар Донбасс таҳти назорати СММ Маск нигоҳ доштани Қримро ҳамчун "як қисми расмии Русия, чуноне аз соли 1783 то хатои Хрушёв буд, пешниҳод кард. Кафолати обтаъминкунии Қрим ва мақоми бетарафии Украина аз бандҳои дигари дидгоҳи ӯ буданд. Ин изҳороти Маск норозигии бисёриҳо дар Украина аз ҷумла раисҷумҳур, Владимир Зеленскйиро ба вуҷуд овард. Дар посух Маск таъкид намуд, ки итминон дорад, авҷ гирифтани ҷанг ба Украина ва эҳтимолан барои ҷаҳон хисороти бузурге хоҳад овард.
https://sputnik.tj/20221003/qjdirov-pisaron-donbass-meravand-video-1051842892.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047379080_163:0:2894:2048_1920x0_80_0_0_772ce0132dcc295784ab64dd8ed43985.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
илон маск, президентӣ, има
илон маск, президентӣ, има
Баъди нақшаи созиш миёни Русия ва Украина: Ба Маск президентӣ дар ИМА пешниҳод шуд
10:28 04.10.2022 (Навсозишуда: 14:05 22.12.2022) Одамоне ба мисли Илон Маск бояд президенти Иёлоти Муттаҳида шаванд, на мисли Ҷо Байден, ки кишварро ба қотили байналмилалӣ табдил дод, мегӯяд вакили Дума
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ аз минтақаи Қрим Михаил Шеремет бар ин назар аст, ки президенти нави ИМА бояд соҳибкори амрикоӣ Илон Маск бошад, навиштааст РИА "Новости".
Қаблан, соҳибкори амрикоӣ Илон Маск дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина бо нигоҳ доштани Қрим дар ҳайати Русия ва баргузории ҳамапурсии такрорӣ таҳти назорати СММ дар вилоятҳои Донбасс, Херсон ва Запороже пешниҳод карда буд.
Дар пайи ин вакили Думаи давлатӣ изҳор дошт, ки одамоне ба мисли Маск бояд президенти Иёлоти Муттаҳида шаванд, на мисли Байден, ки кишварро ба як золим ва қотили байналмилалӣ табдил дод.
"Ман боварӣ дорам, ки бо одамоне мисли Маск метавон муносиботи созандаи тарафайн муфид барқарор кард, ки ба ҳифз ва рушди тамоми ҷаҳон нигаронда шудаанд", - изҳор дошт Шеремет.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Маск навишт, ки ба имкони пирӯзии Украина дар сурати ҷанги густарда бо Русия шубҳа дорад ва ҷонибҳоро ба сулҳ даъват кардааст.
Вай инчунин дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина пешниҳод кард. Дар баробари раъйдиҳии такрорӣ дар Донбасс таҳти назорати СММ Маск нигоҳ доштани Қримро ҳамчун "як қисми расмии Русия, чуноне аз соли 1783 то хатои Хрушёв буд, пешниҳод кард.
Кафолати обтаъминкунии Қрим ва мақоми бетарафии Украина аз бандҳои дигари дидгоҳи ӯ буданд.
Ин изҳороти Маск норозигии бисёриҳо дар Украина аз ҷумла раисҷумҳур, Владимир Зеленскйиро ба вуҷуд овард.
Дар посух Маск таъкид намуд, ки итминон дорад, авҷ гирифтани ҷанг ба Украина ва эҳтимолан барои ҷаҳон хисороти бузурге хоҳад овард.