https://sputnik.tj/20220929/rusiya-nazorati-muhojirat-purzur-meshavad-1051770854.html
Дар Русия назорати муҳоҷират пурзӯр мешавад
Дар Русия назорати муҳоҷират пурзӯр мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Шурӯъ аз 12 октябри соли равон шаҳрвандони хориҷӣ бояд қаламрави Русияро тарк кунанд ё будубоши худро расман ба қайд бигиранд
2022-09-29T21:30+0500
2022-09-29T21:30+0500
2022-09-29T21:30+0500
дар русия
дар тоҷикистон
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
назорат
пурзур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1a/1050970060_0:318:3076:2048_1920x0_80_0_0_9c78c1146660832c8b49d23c9580176a.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия сари вақт тарк кардани шаҳрвандони хориҷиро, ки сабти муҳоҷирати худро тамдид накардаанд, назорати ҷиддӣ хоҳанд кард.Шурӯъ аз 12 октябр шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ бояд Русияро тарк кунанд ё будубоши худро расман ба қайд бигиранд.Идораи вазорати корҳои дохилии вилояти Калугаи Русия хабар додааст, ки фармони дахлдорро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кардааст.Тибқи иттилои ин ниҳоди қудратӣ, кормандони милитсия ҳангоми ошкор намудани қонуншиканӣ аз сӯйи муҳоҷирон онҳоро тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид.Ба иттилои Идораи ВКД Калуга, дар ин минтақа теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ дар як сол коҳиш ёфтааст.Ҳоло дар ин минтақа ҳудуди 12 ҳазор муҳоҷир ба таври доимӣ ва муваққатӣ ба сар мебаранд.Тибқи иттилои ин ниҳод, аз соли 2021 инҷониб шумораи онҳо қариб 3 маротиба кам шудааст.Дар ҳамин ҳол, 66 дарсади шумори умумии муҳоҷирони сабтиномшуда расман соҳиби кор шудаанд.
https://sputnik.tj/20220903/rusiya-markaz-muhojirat-shahrvandon-tojikiston-1051135559.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1a/1050970060_8:0:2739:2048_1920x0_80_0_0_7c7296c5f3c5022bd016037225abc572.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, русия, назорат, пурзӯр, будубош, қаламрав
тоҷикистон, муҳоҷират, русия, назорат, пурзӯр, будубош, қаламрав
Дар Русия назорати муҳоҷират пурзӯр мешавад
Шурӯъ аз 12 октябри соли равон шаҳрвандони хориҷӣ бояд қаламрави Русияро тарк кунанд ё будубоши худро расман ба қайд бигиранд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия сари вақт тарк кардани шаҳрвандони хориҷиро, ки сабти муҳоҷирати худро тамдид накардаанд, назорати ҷиддӣ хоҳанд кард.
Шурӯъ аз 12 октябр шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ бояд Русияро тарк кунанд ё будубоши худро расман ба қайд бигиранд.
Идораи вазорати корҳои дохилии вилояти Калугаи Русия хабар додааст, ки фармони дахлдорро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳоди қудратӣ, кормандони милитсия ҳангоми ошкор намудани қонуншиканӣ аз сӯйи муҳоҷирон онҳоро тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид.
Ба иттилои Идораи ВКД Калуга, дар ин минтақа теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ дар як сол коҳиш ёфтааст.
Ҳоло дар ин минтақа ҳудуди 12 ҳазор муҳоҷир ба таври доимӣ ва муваққатӣ ба сар мебаранд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, аз соли 2021 инҷониб шумораи онҳо қариб 3 маротиба кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол, 66 дарсади шумори умумии муҳоҷирони сабтиномшуда расман соҳиби кор шудаанд.