Чаро макотиби русӣ дар Тоҷикистон намунаи беҳтарин дар хориҷ аз Русияанд? шарҳи мудир

© Sputnik / Рубен ГарсияОткрытие Российско-таджикской школы им. Юрия Гагарина в Душанбе
Открытие Российско-таджикской школы им. Юрия Гагарина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2022
Обуна шудан
Мудири мактаби навбунёди русӣ дар Душанбе тарзи ташкили кору таҳсил дар ин даргоҳро тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки он комилан ройгон мебошад
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Макотиби навбунёди русӣ дар Тоҷикистон беҳтарин намуна дар хориҷ аз Русия хоҳанд буд, изҳор дошт мудири мактаби русии ба номи Юрий Гагарин дар Душанбе Владимир Гудков.
Ӯ, ки дар ҳошияи ифтитоҳи мактаби ба номи Гагарин бо рӯзноманигорон суҳбат мекард, изҳор дошт, ки ҳар талабаи ин муассиса соҳиби корти махсус хоҳад шуд, ҳар даромаду баромадаш ба мактаб сабт мегардаду тариқи худкор ба волидон паёмак ирсол мешавад.
Вай таъкид намуд, ки раванди таълим ройгон буда, ҳеч пардохтпулии иловагӣ дар назар нест.
Критиковал по дружбе: Путин вспомнил старое обещание Рахмону - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
"Дӯстона танқид кард": Путин ваъдаи куҳна ба Раҳмонро ёдовар шуд- видео
"Падару модарон маҷбур нестанд, фарзан барои парда ё ягон таҷҳизот пул диҳанд. Дар мо ҳамааш муҳайёст", - гуфт мудир.
Гудков ҳамчунин аз нақшаи ташкили пойгоҳи муштараки рақами миёни ҳамаи 5 мактаби бунёдкардаи Русия дар Тоҷикистон хабар дод.

"Дафтару рӯзномаҳо электронӣ хоҳанд буд. Пойгоҳи муштараки электронӣ миёни 5 мактаби русӣ созмон меёбад. Боз мегӯям, ин беҳтарин намунаи мактаби русӣ дар хориҷ аз Русия аст", - таъкид кард ӯ.

Вай тавзеҳ дод, ки ин муассиса дар баробари чаҳоргонаи дигар дар Тоҷикистон бунёду муҷаҳҳаз шудааст, то раванди таълим ҳам барои худи кӯдакон ва ҳам барои омӯзгорон роҳат бошад.
Ҳамин тариқ, дар ҳар синф набояд аз 24 нафар зиёд бошад, ки барои пойтахти Тоҷикистон камёб аст. Дар маҷмӯъ, мактаб барои қабули 1224 хонанда омода аст. Феълан дар мактаб 960 талаба – ҳамагӣ 40 синф аз 1 то 8 бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0