Толибҳо занонро дар пулис ба кор мегиранд

© AP / Tomas MunitaЖенщины в бурках у озера Band-e-Amir в Афганистане
Женщины в бурках у озера Band-e-Amir в Афганистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2022
Обуна шудан
Бонувон дар идораи умури дохилии толибҳо ҳамчун "пулиси ахлоқ" амал карда, рафтору зоҳири занонро дар кӯчаҳо таҳти назорат қарор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Толибҳо қарор кардаанд, ки барои кор дар "пулиси ахлоқ" занонро ҷалб намоянд, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Манбаъ аз қавли намояндаи расмии Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати ҷадид дар Афғонистон, Муҳаммад Содиқ Оқиф, овардааст, ки ин сохтори вижа ба татбиқи ислоҳот машғул хоҳад шуд.
"Ба ислоҳоти марбути занон машғул мегардад. Кормандони он нақши муҳтасибро хоҳанд дошт: Назорат мебаранд, ки духтарони Афғонистон дар кӯча меъёрҳои исломро риоя кунанду либоси мувофиқ ба бар намоянд", - таъкид кард ӯ.
На открытии Дворца культуры в Зафарободском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Ҷумъа Давлатов: Дар 101 шаҳраку деҳа занон дар мансабҳои роҳбарикунанда кор намекунад
Ин навоварии толибҳо дар ҳолест, ки ахиран Маҷмаи ҷаҳони иқтисод, Афғонистонро аз рӯи шохиси баробарӣ миёни занону мардон дар соли 2022 дар интиҳои радабандӣ қарор дода, бадтарин кишвари ҷаҳон аз ин нигоҳ хондаст.
Инчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, толибҳо аз замони ба даст овардани қудрат қонунҳоеро ба тасвиб расонданд, ки ба таври куллӣ барои иҷрои ҳуқуқи занону духтарон, аз ҷумла ҳуқуқи озодии баён, сафар, кор ва таҳсил монеъ мешаванд.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, қонунҳои толибон ба дигар ҳуқуқҳои асосии занон дар бахшҳои дигари зиндагӣ, аз ҷумла таъмини рӯзгор, ҳифзи саломатӣ ва дастрасӣ ба ғизо низ дахл доранд.
Маврид ба зикр аст, ки риояи ҳуқуқи занон, аз ҷумла ҳақ ба таҳсилу корашон дар феҳрасти талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ пеши ҳукумати толибҳо барои шинохти машруияташон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0