Дипломати рус аз афзоиши қочоқи нашъаи афғонӣ ба Тоҷикистон гуфт

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПограничники на Таджикско-афганской границе вдоль реки Памир.
Пограничники на Таджикско-афганской границе вдоль реки Памир. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Обуна шудан
Сарфи назар аз иддаои толибҳо барои мубориза бо тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон қочоқи он ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Пас аз ба қудрат расидани толибҳо интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ афзоиш ёфт.
Дар ин бора Владимир Тарабрин, мудири департаменти чолишҳо ва таҳдидҳои нави Вазорати умури хориҷии Русия хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар семоҳаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 14,5 маротиба бештар маводи мухаддири қочоқӣ аз Афғонистон мусодира шудааст.
Ин дар ҳолест, ки толибҳо борҳо баъди сари қудрат расиданашон азми худ барои мубориза бо тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистонро баён доштанд.
"Аз замони ба қудрат расидан дар моҳи августи соли 2021 толибҳо нақшаи мубориза бо маводи мухаддирро эълон карданд, Рӯзи 3 апрели соли 2022 мақомоти нав парвариши кӯкнор, инчунин истеҳсол ва қочоқи ҳама навъҳои маводи мухаддирро мамнӯъ эълон карданд", - гуфт Тарабрин.
Ҳабибулло Воҳидзода Директор АКН РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон пас аз ба қудрат расидани толибон
Ин қарор низ монеа барои ҷамъоварии ҳосили маводи нашъаовар ва интиқоли минбаъдаи дар ҷануби Афғонистон нагардид.
Дипломати Русия таъкид кард, ки афзоиши қобили мулоҳизаи қочоқи маводи мухаддир дар "масири шимолӣ" сабт мешавад.
"Тибқи ҳисобҳои Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, дар соли 2021 дар Афғонистон ҳудуди 6800 тонна ба ҳисоби афюн маводи мухаддир тавлид шуда, ҳаҷми даромад аз он ба 14% ММД-и кишвар расидааст", - гуфт Тарабрин.
Маврид ба зикр аст, ки аз замони сари қудрат расидани толибҳо дар Афғонистон расон як сол сипарӣ шуд. Аъзои гуруҳ 15 августи соли гузашта вориди Кобул шуда, ҳукуматро ғасб намуданд.
Лентаи хабарҳо
0