Пешниҳоди дарси ибрат ба Булғористон аз сӯи Пушков

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузариш ба медиабонкЧлен Совета Федерации Федерального Собрания РФ Алексей Пушков
Член Совета Федерации Федерального Собрания РФ Алексей Пушков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2022
Обуна шудан
Сенатор Алексей Пушков пешниҳод кардааст, ки хости деринтизори Булғористон, ки зимистонро бидуни интиқоли гази Русия пушти сар кунад, дода шавад
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Барои аз нав додани газ ба Булғористони "ғайрдӯст" ягон асос нест. Ин фикрро сенатор Алексей Пушков баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, София "бисёр мехост" зимистонро бидуни "сӯзишвории кабуд"-и русӣ гузаронад, ба онҳо чунин имконият дода шавад.
"Тамоми рӯшан нест, ки чаро интиқоли газ ба давлати фаъол "ғайрдӯст", бояд идома ёбад, хусусан дар ҳоле ки он худаш инро рад кардааст", - навиштааст сенатор дар Telegram-каналаш
Қаблан вазири энергетикаи ҳукумати Булғористон Росен Христов гуфта буд, ки Девони вазирон имкони азсаргирии интиқоли газ аз "Газпром"-ро баррасӣ мекунад.
Газокомпрессорная станция Gascade в Айслебене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
"The Telegraph": Саноати Олмон бидуни гази Русия фалаҷ хоҳад шуд
Дуруст аст, ки ба гуфтаи вай, ин танҳо дар сурате мешавад, ки София ин масъаларо бо роҳҳои дигар ҳал карда натавонад ва воридкунандагони нав наёбад.
Сафири Русия дар София Элеонора Митрофанова гуфт, Русия омода аст интиқоли газ ба Булғористонро бо назардошти талаботи "Газпром" барқарор кунад. Шартнома то охири соли равон эътибор дорад.
"Газпром" дар моҳи апрел интиқоли маводи сӯхт ба Булғористонро ба далели сарпечӣ кардани София аз пардохти он бо рубл мутаваққиф кард.
Лентаи хабарҳо
0