https://sputnik.tj/20220809/sardor-nav-maorifi-isfara-1050604835.html
Муаррифии сардори нави шуъбаи маорифи Исфара: ӯ кист?
Муаррифии сардори нави шуъбаи маорифи Исфара: ӯ кист?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф, бо судури фармони ҷадиди худ, сардори шуъбаи маорифи шаҳри Исфараро таъйин кард. Маъруфзода дар ин мақом Саидзода Бобо Маҳмудро иваз намуд
2022-08-09T20:47+0500
2022-08-09T20:47+0500
2022-08-19T16:52+0500
маориф
дар тоҷикистон
исфара
мудир
нав
таъйин
вазорати маорифу илми тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/09/1050604589_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_ed4674cf517c5e9fc95416984350183b.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Мансурхоҷа Маъруфзода, минҳайси мудири нави Идораи маорифи шаҳри Исфара муаррифӣ шудааст. Дар бораи ин таъйиноти кадрӣ Зубайдулло Шомадов, сухангуи ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода гуфт, ки Маъруфзода дар вазифаи нави худ сар аз рӯзи 9 август корро шурӯъ намудааст. Бино ба гузориши ӯ, зимни муаррифии мудири нав, Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара ва Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф, мудирони макотиб ва кӯдакистонҳо низ ширкат доштаанд.Мансурхоҷа Маъруфзода 14 марти соли 1986 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Соли 2009 филиали хуҷандии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ва соли 2018 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро бо ихтисоси омӯзгор хатм намудааст. Ӯ то ин замон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 2014 - 2016 мудири мактаби № 2-и шаҳри Исфара буд. Солҳои 2016 - 2018 ҳамчун мушовир дар шуъбаи маорифи шаҳр фаъолият намудааст. Аз моҳи марти соли 2018 то ин вақт мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳукумати Исфара фаъолият мекард. Маъруфзода дар ин мақоми мансабӣ ҷойи Саидзода Бобо Маҳмудро иваз намуд, ки дуюмӣ бинобар расидан ба сини нафақа аз вазифа канор рафтааст.
https://sputnik.tj/20220701/tabobat-zakhm-tir-shafeiyon-kor-isfara-1049653287.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/09/1050604589_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_f64d985bd76236416fbf11e6e8680834.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маъруфзода, мудири нав, шуъбаи маориф, исфара
маъруфзода, мудири нав, шуъбаи маориф, исфара
Муаррифии сардори нави шуъбаи маорифи Исфара: ӯ кист?
20:47 09.08.2022 (Навсозишуда: 16:52 19.08.2022) Вазири маориф, бо судури фармони ҷадиди худ, сардори шуъбаи маорифи шаҳри Исфараро таъйин кард. Маъруфзода дар ин мақом Саидзода Бобо Маҳмудро иваз намуд
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Мансурхоҷа Маъруфзода, минҳайси мудири нави Идораи маорифи шаҳри Исфара муаррифӣ шудааст.
Дар бораи ин таъйиноти кадрӣ Зубайдулло Шомадов, сухангуи ҳукумати шаҳри Исфара ба
Sputnik Тоҷикистон хабар дода гуфт, ки Маъруфзода дар вазифаи нави худ сар аз рӯзи 9 август корро шурӯъ намудааст.
“Маросими муаррифи мудири нави идораи маорифи шаҳр дирӯз дар толори мактаби байналмилалии "Академияи Контакт Интернейшнл" баргузор гардид", - гуфт Шомадов.
Бино ба гузориши ӯ, зимни муаррифии мудири нав, Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара ва Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф, мудирони макотиб ва кӯдакистонҳо низ ширкат доштаанд.
Мансурхоҷа Маъруфзода 14 марти соли 1986 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст.
Соли 2009 филиали хуҷандии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ва соли 2018 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро бо ихтисоси омӯзгор хатм намудааст.
Ӯ то ин замон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Солҳои 2014 - 2016 мудири мактаби № 2-и шаҳри Исфара буд.
Солҳои 2016 - 2018 ҳамчун мушовир дар шуъбаи маорифи шаҳр фаъолият намудааст.
Аз моҳи марти соли 2018 то ин вақт мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳукумати Исфара фаъолият мекард.
Маъруфзода дар ин мақоми мансабӣ ҷойи Саидзода Бобо Маҳмудро иваз намуд, ки дуюмӣ бинобар расидан ба сини нафақа аз вазифа канор рафтааст.