Таъйини ҷарима дар Тоҷикистон барои нақзи меъёрҳои нургузаронӣ дар мошинҳои сиёҳшиша

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкАвтомобильное движение на проспекте Рудаки в Душанбе
Автомобильное движение на проспекте Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2022
Обуна шудан
Парлумони Тоҷикистон ҷарима кардани ронандагонеро, ки меъёри нургузарониро ҳангоми сиёҳ кардани шишаи мошинашон нақз мекунанд, иҷозат дод
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Барои нақзи меъёрҳои истифодаи шишаҳои сиёҳ ва ё пардаҳо дар Тоҷикистон ҷарима ба андозаи то 4,5 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шуд.
Дар ин бора тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикис­тон дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ қабул гардид.
Дилшод Раҳмон, узви Маҷлиси миллӣ дар шарҳи тағйирот гуфт, барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ мутобиқат намекунанд, ҷарима ба андозаи 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 64 сомониро ташкил медиҳад ва ҷаримаи таъйиншуда барои нақзи меъёрҳои нургузаронӣ дар мошинҳои сиёҳшиша наздик ба 4,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Водительские удостоверения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Пешниҳоди боло бурдани синни ронандагӣ дар Тоҷикистон
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, солҳои 2019 - 2021 ва се моҳи авали соли 2022 беш аз 3,5 ҳазор ҳолати идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва ё шишаҳои сиёҳ бидуни иҷозати мақомот ошкор шудаанд.
Дар Тоҷикистон сиёҳ кардани шишаҳои мошин бо меъёрҳои муайяни нургузаронӣ ба ивази маблағ иҷозат дода мешавад. Нархи сиёҳ кардани шишаи мошинҳои бароришашон баъди 1 январи соли 2005 аз оғози соли равон ҳудуди 5,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бар асоси муқаррароти ҷорӣ, дар Тоҷикистон арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои бароришашон то 31 декабри соли 2004 ба65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст, ки аз 1 январи соли 2022 он муодили 4 ҳазору 160 сомонӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0