Аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи навбатӣ чиро баррасӣ хоҳанд кард?

© Sputnik / Амир ИсаевТабличка на здании парламента Республики Таджикистан
Табличка на здании парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Маҷлиси миллии Тоҷикистон масоилеро эълон кард, ки аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ дар ҷаласаи навбатияшон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Тағйирот ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз мавзуъҳои ҷаласаи навбатии палатаи болоии парлумон хоҳад буд.
Дар ин бора "Ховар" бо такя ба дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар дода, зикр намуд, ки ҷаласаи навбатии палатаи болоии парлумон бо қарори раиси он, Рустами Эмомалӣ рӯзи 15 июл дар шаҳри Душанбе даъват шудааст.
Ҳамчунин ду қонуни наверо, ки вакилони Маҷлиси намояндагон қаблан қабул карданд, аъзои Маҷлиси миллӣ баррасӣ менамоянд.
Дар ин феҳраст қонунҳои Тоҷикистон "Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ" ва "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" зикр шудаанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Зокирзода: Беш аз 56 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда
Иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз масоили дигари ҷаласаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфта шудааст.
Ҳамчунин аъзои он иловаҳо ба қонун "Дар бораи энергетика", ба қонун "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки аъзои палатаи поёнии парлумон феълан дар таътил қарор доранд. Дар ҷаласаи ахиран гузориш дода шуд, ки то таътил Маҷлиси намояндагон 56 қонун қабул карда, 39 лоиҳа дар баррасии кумитаҳои парлумон, инчунин 27 лоиҳаи қонуни дигар дар муҳокима қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0