Истеъфои вазирони бритонӣ идома дорад: онҳо аз Борис Ҷонсон норизоянд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкПосол Великобритании в РФ Д. Броннерт вызвана в МИД РФ
Посол Великобритании в РФ Д. Броннерт вызвана в МИД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Вазирони молия ва беҳдошт қаблан эълом карда буданд, ки ба далели эътимод надоштан ба нахуствазири Британия истеъфо медиҳанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Британияи Кабир як вазири дигар дар пайи истеъфои теъдоде аз мансабдорон ва вазирони бритониёӣ ба далели моҷарои марбут ба таъйини муовини собиқи вазири умури хориҷӣ Кристофер Пинчер истеъфо дод, хабар медиҳад РИА "Новости".
Манбаъ меафзояд, вазири давлат дар риштаи мактабҳо Робин Уокер истеъфо дод.
Вай муроҷиати худ ба Борис Ҷонсон ва эъломияи истеъфоашро дар Твиттер нашр кард.
“Мутаассифона, рӯйдодҳои ахир ба ман нишон доданд, ки ҳизби олиҷаноби мо, ки ман тамоми умр ҷонибдорӣ мекардам, ба далели таваҷҷуҳи бефосилааш ба масоили раҳбарӣ аз рисолати аслии худ дур шудааст... мутаассифона, дар моҳҳои охир иштибоҳот ба аҳди ҳизб соя афкандааст ва ман наметавонам дар ҳукумати шумо кор кунам", - навиштааст Уокер.
Ба ҷуз аз ӯ, Лора Тротт, котиби шахсии парлумонии Вазорати нақлиёт низ истеъфои худро эълон кард.
Выступление Б. Джонсона по итогам выборов в Великобритании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Рақси Борис Ҷонсон мардуми Бритониёро хашмгин кард - видео
Риши Сунак, вазири молия ва Соҷид Ҷовид, вазири беҳдошт қаблан эълом карданд, ки ба далели нобоварӣ ба нахуствазир Борис Ҷонсон ва мухолифат бо усулҳои раҳбарии ӯ истеъфо медиҳанд.
Дар бораи чунин тасмим як қатор мансабдорони дигар, аз ҷумла вазири умури кӯдакон ва оилаҳои Британияи Кабир Вил Куинс хабар доданд.
Ҳафтаи гузашта маълум шуд, ки собиқ муовини вазири умури хориҷаи Бритониё дар умури Аврупо ва Амрико Кристофер Пинчер қаблан дар як клуби Лондон дар ҳолати мастӣ занозанӣ карда буд.
Як қатор сиёсатмадорон иддао карданд, ки сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон Пинчерро ба вазифаи муовини ҳамоҳангсози фраксияи порлумонии консервативӣ таъин кардааст, гарчанде ки аз гузаштаи ӯ хуб бохабар буд.
Зимнан, Ҷонсон узрхоҳӣ кард ва иқрор шуд, ки "кори нодуруст кардааст", аммо ба далели гум шудани эътимод ба нахуствазир як қатор мақомдорон ба истеъфодиҳӣ оғоз карданд.
Лентаи хабарҳо
0