https://sputnik.tj/20220624/ukraini-hamla-terroristi-kherson-1049478398.html
Сарбози украинӣ дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи даҳшатноки террористӣ дар Херсон гуфт
Сарбози украинӣ дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи даҳшатноки террористӣ дар Херсон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дастур додааст, ки дар ҳар шароит як ҳамлаи террористӣ ташкил кунад, ҳатто агар шаҳрвандони Украина қурбонии он гарданд
2022-06-24T13:35+0500
2022-06-24T13:35+0500
2022-06-24T13:35+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
дар русия
сарбоз
ҳамлаи террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0c/1048385886_0:231:3089:1970_1920x0_80_0_0_27afea3828441f71c6c71ded3283d022.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сержанти асиршудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина Олександр Тимко дар бораи омодагии ҳамлаи террористии низомиёни украинӣ дар Херсон нақл кард. Чунин фармонро ӯ ва тобеонаш гирифтаанд. Ин ҳамла мебоист дар меҳмонхонаи Херсон сурат мегирифт. Чунон ки маълум шуд, дар меҳмонхона шаҳрвандони Украина, ки аз Николаев, Кривой Рог ва дигар шаҳрҳо баромада буданд, зиндагӣ мекарданд. Аммо фармондеҳ ба сержанти штаб бовар накард ва изҳор дошт, ки бештар ба маълумоти нерӯҳои вижа эътимод доранд. Дар ин ҳол, Тимко аз иҷрои супориш даст кашид. Сарбози асир гуфт, чаро нерӯҳои Украина таслим шудандБаъд аз ин, ба низомӣ таҳдид мекарданд ва ӯ дар хиёнат ба Ватан айбдор карда шуд. Тимко ва зердастонаш пеш аз боздошти нерӯҳои Русия дар шаҳри Херсон пинҳон шуда буданд. Артиши Русия як махфигоҳ бо автоматҳои Калашников, як пулемёт, норинҷакандозҳои дастӣ ва лавозимоти ҷангии гурӯҳи мусаллаҳи зеризаминиро кашф карданд. Русия дар Украина силоҳҳои нодирро ба кор мебарад: видеоСержанти ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Украина таъкид кард, ки подполковник дастур дод, ки дар ҳар шароит, бояд ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд, то "қурбонҳо бошанд". Пас аз ноком шудани амалиёт ва боздошти як гурӯҳи ҷангҷӯён, "подполковник нопадид шуд, шояд гурехта бошад", - хулоса кард сарбоз дар суҳбат бо РИА "Новости".
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0c/1048385886_185:0:2914:2047_1920x0_80_0_0_6801e73bdc01b5969336586d48f158d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарбози украинӣ, ҳамлаи террористӣ, украина
сарбози украинӣ, ҳамлаи террористӣ, украина
Сарбози украинӣ дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи даҳшатноки террористӣ дар Херсон гуфт
Фармондеҳии қувваҳои мусаллаҳи Украина дастур додааст, ки ба ҳар навъе бояд ҳамлаи террористӣ ташкил кунанд, ҳатто агар шаҳрвандони Украина қурбони он гарданд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сержанти асиршудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина Олександр Тимко дар бораи омодагии ҳамлаи террористии низомиёни украинӣ дар Херсон нақл кард. Чунин фармонро ӯ ва тобеонаш гирифтаанд.
Ин ҳамла мебоист дар меҳмонхонаи Херсон сурат мегирифт.
"Ман фармон гирифтам, ки дар меҳмонхонаи "Дилижанс" низомиёни рус зиндагӣ мекунанд ва ман бояд ба нобудсозӣоғоз кунам. Ба ибораи дигар, ҳамлаи террористӣ ташкил кардан лозим аст. Ман тасмим гирифтам, ки разведка гузаронам, то фаҳмам, ки чӣ дар куҷост”, - гуфт Тимко.
Чунон ки маълум шуд, дар меҳмонхона шаҳрвандони Украина, ки аз Николаев, Кривой Рог ва дигар шаҳрҳо баромада буданд, зиндагӣ мекарданд.
Аммо фармондеҳ ба сержанти штаб бовар накард ва изҳор дошт, ки бештар ба маълумоти нерӯҳои вижа эътимод доранд. Дар ин ҳол, Тимко аз иҷрои супориш даст кашид.
Баъд аз ин, ба низомӣ таҳдид мекарданд ва ӯ дар хиёнат ба Ватан айбдор карда шуд.
Тимко ва зердастонаш пеш аз боздошти нерӯҳои Русия дар шаҳри Херсон пинҳон шуда буданд.
Артиши Русия як махфигоҳ бо автоматҳои Калашников, як пулемёт, норинҷакандозҳои дастӣ ва лавозимоти ҷангии гурӯҳи мусаллаҳи зеризаминиро кашф карданд.
Сержанти ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Украина таъкид кард, ки подполковник дастур дод, ки дар ҳар шароит, бояд ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд, то "қурбонҳо бошанд".
Пас аз ноком шудани амалиёт ва боздошти як гурӯҳи ҷангҷӯён, "подполковник нопадид шуд, шояд гурехта бошад", - хулоса кард сарбоз дар суҳбат бо РИА "Новости".