Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

СММ туҳматҳои Украина нисбати Русия дар бораи дуздии ғалларо тасдиқ накард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкФлаг ООН
Флаг ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Намояндаи расмии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, наметавонад изҳороти Украина нисбати Русия дар бораи дуздии ғалларо тасдиқ кунад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Намояндаи дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик гуфт, СММ наметавонад изҳороти Украина дар бораи дуздии ғалла аз ҷониби Русияро таъйид намояд.
"Мо бо дафтари Барномаи ҷаҳонии ғизо дар тамос ҳастем, онҳо ин иттиҳомотро таъйид намекунанд", - гуфт ӯ дар нишасти хабарӣ.
Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфта буд, ки дар содироти ғалла аз Украина мушкиле вуҷуд надорад. Илова бар ин ӯ иддаоҳоеро, ки гӯё Маскав ба интиқоли маводи ғизоӣ монеъ мешавад, дурӯғ номид.
Роҳбари Русия аз Киев даъват кард, ки барои убури бехатари киштиҳо бандарҳоро аз мина пок кунад. Путин қайд кард, ки ғалларо инчунин метавон аз тариқи соҳили дарёи Дунай тавассути Руминия, Маҷористон ва Лаҳистон содир кард.
Рабочая поездка министра обороны РФ С. Шойгу в Южный военный округ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Аз Русия то Қрим ҳаракати нақлиёт аз тариқи хушкӣ оғоз шуд
“Роҳи арзонтарин тавассути Беларус аст, аммо барои ин шумо бояд таҳримҳоро лағв кунед”, - шарҳ дод Владимир Путин.
Аммо ахиран президенти Украина Владимир Зеленский аз содироти ғалла тавассути Беларус худдорӣ кард ва нахост, ба ҳамсояҳои "дӯст" кумак кунад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро 21 феврал эътироф ва 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0