https://sputnik.tj/20220604/tojikiston-marz-qirghiziston-1048943063.html
Изҳороти ВУХ Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи ахир дар марз бо Қирғизистон
Изҳороти ВУХ Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи ахир дар марз бо Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3-юми июн амалкарди ҷониби Қирғизистон дар марзи муштаракро иғво хонд. Дар ин бора дар изҳороти ВУХ гуфта шудааст
2022-06-04T19:37+0500
2022-06-04T19:37+0500
2022-06-06T16:54+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
сарҳад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102673/24/1026732487_0:88:2859:1696_1920x0_80_0_0_a80036ed06d15941e5f0dd2682a0a130.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Душанбе амали ҷониби Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистонро рӯзи 3 июн, як иғво хонда ва онро маҳкум кардааст. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар торномаи расмӣ нашр шудааст, гуфта мешавад. Зимнан зикр мегардад, ки 3 июни соли 2022, соати 10:40 ба вақти маҳаллӣ, дар минтақаи дидбонгоҳи марзии "Кех" -и Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар натиҷаи вуруди ғайриқонунии низомиёни Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон, миёни низомиёни ду кишвар як моҷарои мусаллаҳона рух додааст. Гуфта мешавад, ки сабаби рух додани ҳодиса, аз ҷониби низомиёни қирғиз нодида гирифтани талаботи қонунии марзбонони тоҷик дар бораи хуруҷ аз қаламрави ҷумҳурӣ будааст. "Дар посух ба дархости намояндагони Тоҷикистон низомиёни қирғиз мавқеъи тирандозиро ишғол карданд ва аввалин шуда ба самти дидбонгоҳи марзии "Кех" оташ кушоданд", — омадааст дар хабарнома. Дар натиҷаи истифодаи иҷбории марзбонони тоҷик аз тири ҷавобӣ бо силоҳҳои тирандоз, низомиёни қирғиз аз силоҳи гурӯҳӣ ва миномётҳо, аз ҷумла ба тарафи маҳаллаҳои истиқоматии аҳолии осоиштаи Тоҷикистон истифода кардаанд. Пас аз як соат, дар натиҷаи музокироти фаврӣ, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон сурат гирифт, оташбас эълон шуд. "Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон бори дигар такрори таҷрибаи Қирғизистонро дар мавриди нодида гирифтани созишномаҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар бораи манъи истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва риояи қатъии хатти рафтори сарҳадбононро қайд мекунад", - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.Таъкид мешавад, ки ин хилофи тавофуқоти ҳосилшудаи 12 март ва 13 апрели соли 2022 миёни ниҳодҳои марзбонии кишварҳост. Музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз даргирӣ дар марзТоҷикистон бори дигар ҷонибдории худро ба ҳалли танҳо мусолиматомези масъалаҳо бо Қирғизистон таъкид мекунад, гуфта мешавад дар поёни изҳорот. Ёдовар мешавем, ки субҳи 3 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ рух дод, ки тақрибан ду соат идома кард.Дар натиҷа 2 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва як сарбоз аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ гардиданд.Сокинони ҷамоати Ворух мегӯянд, тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар наздикии рустои Офтобрӯй оғоз шудааст. Ба гуфтаи онҳо, сабаби муноқиша убури ғайриқонунии марзбонони қирғиз аз қаламрави Тоҷикистон будааст.Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, иллати муноқиша убури ғайриқонунии марз аз ҷониби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар қаламрави Булоқ-Бошии ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд будааст.Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМаврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегардад, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
https://sputnik.tj/20220604/qirghiziston-khostor-hall-marz-tojikiston-1048938511.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102673/24/1026732487_145:0:2666:1891_1920x0_80_0_0_f56f47cbd901a91108bc45d535842d22.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
изҳорот, вух, тоҷикистон, таниши марзӣ
изҳорот, вух, тоҷикистон, таниши марзӣ
Изҳороти ВУХ Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи ахир дар марз бо Қирғизистон
19:37 04.06.2022 (Навсозишуда: 16:54 06.06.2022) Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон амалкарди ҷониби Қирғизистон дар марзи муштаракро иғво хонд. Дар ин бора дар изҳороти ВУХ гуфта шудааст
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Душанбе амали ҷониби Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистонро рӯзи 3 июн, як иғво хонда ва онро маҳкум кардааст. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар торномаи расмӣ нашр шудааст, гуфта мешавад.
"Ҷониби Тоҷикистон иғвои барқасдона тарҳрезишудаи ҷониби қирғизро маҳкум карда, барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои мушобеҳ дар оянда ба риояи қатъии тавофуқоти ҳосилшуда даъват мекунад", - омадааст дар изҳорот.
Зимнан зикр мегардад, ки 3 июни соли 2022, соати 10:40 ба вақти маҳаллӣ, дар минтақаи дидбонгоҳи марзии "Кех" -и Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар натиҷаи вуруди ғайриқонунии низомиёни Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон, миёни низомиёни ду кишвар як моҷарои мусаллаҳона рух додааст.
Гуфта мешавад, ки сабаби рух додани ҳодиса, аз ҷониби низомиёни қирғиз нодида гирифтани талаботи қонунии марзбонони тоҷик дар бораи хуруҷ аз қаламрави ҷумҳурӣ будааст.
"Дар посух ба дархости намояндагони Тоҷикистон низомиёни қирғиз мавқеъи тирандозиро ишғол карданд ва аввалин шуда ба самти дидбонгоҳи марзии "Кех" оташ кушоданд", — омадааст дар хабарнома.
Дар натиҷаи истифодаи иҷбории марзбонони тоҷик аз тири ҷавобӣ бо силоҳҳои тирандоз, низомиёни қирғиз аз силоҳи гурӯҳӣ ва миномётҳо, аз ҷумла ба тарафи маҳаллаҳои истиқоматии аҳолии осоиштаи Тоҷикистон истифода кардаанд.
Пас аз як соат, дар натиҷаи музокироти фаврӣ, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон сурат гирифт, оташбас эълон шуд.
"Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон бори дигар такрори таҷрибаи Қирғизистонро дар мавриди нодида гирифтани созишномаҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар бораи манъи истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва риояи қатъии хатти рафтори сарҳадбононро қайд мекунад", - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Таъкид мешавад, ки ин хилофи тавофуқоти ҳосилшудаи 12 март ва 13 апрели соли 2022 миёни ниҳодҳои марзбонии кишварҳост.
Тоҷикистон бори дигар ҷонибдории худро ба ҳалли танҳо мусолиматомези масъалаҳо бо Қирғизистон таъкид мекунад, гуфта мешавад дар поёни изҳорот.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 3 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ рух дод, ки тақрибан ду соат идома кард.
Дар натиҷа 2 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва як сарбоз аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ гардиданд.
Сокинони ҷамоати Ворух мегӯянд, тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар наздикии рустои Офтобрӯй оғоз шудааст. Ба гуфтаи онҳо, сабаби муноқиша убури ғайриқонунии марзбонони қирғиз аз қаламрави Тоҷикистон будааст.
Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, иллати муноқиша убури ғайриқонунии марз аз ҷониби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар қаламрави Булоқ-Бошии ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд будааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегардад, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.