https://sputnik.tj/20220602/sukhtor-bokhtar-otashgiri-bozor-farovon-1048868056.html
Сӯхтор дар Бохтар: охирин маълумотҳо аз оташгирии бозори "Фаровон"
Сӯхтор дар Бохтар: охирин маълумотҳо аз оташгирии бозори "Фаровон"
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи санҷишӣ ба тафтиши далели сӯхтор дар бозори марказии "Фаровон" шурӯъ кард, ки дар натиҷаи он чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд
2022-06-02T11:34+0500
2022-06-02T11:34+0500
2022-06-02T13:37+0500
сӯхтор
бозор
бохтар
хатлон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/01/1046395914_0:0:3149:1771_1920x0_80_0_0_3fe573411f8313e915b127150bbc1db2.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар сабабҳои сар задани сӯхтори шабона, ки дар натиҷаи он бозори марказии "Фаровон" хисороти ҷиддӣ дидааст, таҳқиқ доранд. Сӯхтори бозор соати 22:22 (ба вақти маҳаллӣ)-и рӯзи 1 июн оғоз шуд, ки танҳо бомдоди 2 июн ба оташнишонҳо имкон даст дод, то онро хомӯш кунанд."Барои хомӯш карадни алангаи оташ бо бонги хатар ҳама ҳайатҳои шаҳриву вилоятӣ ва навоҳии гирду атроф ҷалб шуданд", - гуфтанд аз идораи сӯхторнишонии вилояти Хатлон.Аз Хадамоти оташнишонии назди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло дар ҷойи ҳодиса комиссияи махсуси тафтишотӣ ва мақомоти маҳаллӣ кор мекунанд. Ҷузъиёти сӯхтор ва сабабҳои сӯхтор таҳқиқ мешавад. Илова бар ин, ба гуфтаи сӯхторнишонҳо, ҳоло низ оббошӣ ба маҳалли сӯхтор идома дорад, то дигарбора оташгирӣ ба амал наояд.Аз Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон бошад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки шабона бо дарди фишорбаландӣ ва ҷароҳатҳои гуногун беш аз 12 нафар ба беморхона мунтақил шуданд, ки ба ҷуз аз як тан ҳама рухсат шуданд. Инҳо умдатан коргарон ва фурӯшандагони бозор будаанд, ки талоши наҷоти молро кардаанд ва сӯхтаву захмҳои гуногун бардоштаанд. Ба иттилои манбаъ, танҳо Маҳмад Сафаров, сокини шаҳри Бохтар дар ҳолати вазнин қарор дошта, 95% баданаш осеб дидааст. Ӯ зимни таркиши баллони газ дар яке аз ошхонаҳои дохили бозор захм бардоштааст.Дар бораи шумори бистаришудагон ва вазъи дақиқи онҳо то ҳол маълумоти расмӣ мавҷуд нест.
https://sputnik.tj/20220529/vkd-sabab-zarar-sukhtor-bozor-khorugh-muayyan-1048780343.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/01/1046395914_273:0:3004:2048_1920x0_80_0_0_576166dbb08c9201de99f964384a3f1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сӯхтор бохтар оташ бозор "фаровон"
сӯхтор бохтар оташ бозор "фаровон"
Сӯхтор дар Бохтар: охирин маълумотҳо аз оташгирии бозори "Фаровон"
11:34 02.06.2022 (Навсозишуда: 13:37 02.06.2022) Комиссияи санҷишӣ ба тафтиши далели сӯхтор дар бозори марказии "Фаровон" шуруъ кард, ки дар натиҷаи он чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар сабабҳои сар задани сӯхтори шабона, ки дар натиҷаи он бозори марказии "Фаровон" хисороти ҷиддӣ дидааст, таҳқиқ доранд.
Сӯхтори бозор соати 22:22 (ба вақти маҳаллӣ)-и рӯзи 1 июн оғоз шуд, ки танҳо бомдоди 2 июн ба оташнишонҳо имкон даст дод, то онро хомӯш кунанд.
"Барои хомӯш карадни алангаи оташ бо бонги хатар ҳама ҳайатҳои шаҳриву вилоятӣ ва навоҳии гирду атроф ҷалб шуданд", - гуфтанд аз идораи сӯхторнишонии вилояти Хатлон.
Аз Хадамоти оташнишонии назди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло дар ҷойи ҳодиса комиссияи махсуси тафтишотӣ ва мақомоти маҳаллӣ кор мекунанд.
Ҷузъиёти сӯхтор ва сабабҳои сӯхтор таҳқиқ мешавад. Илова бар ин, ба гуфтаи сӯхторнишонҳо, ҳоло низ оббошӣ ба маҳалли сӯхтор идома дорад, то дигарбора оташгирӣ ба амал наояд.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷа ҳудуди 1200 метри мураббаъ сӯхтааст", - гуфт як манбаъ дар ин ниҳод.
Аз Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон бошад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки шабона бо дарди фишорбаландӣ ва ҷароҳатҳои гуногун беш аз 12 нафар ба беморхона мунтақил шуданд, ки ба ҷуз аз як тан ҳама рухсат шуданд. Инҳо умдатан коргарон ва фурӯшандагони бозор будаанд, ки талоши наҷоти молро кардаанд ва сӯхтаву захмҳои гуногун бардоштаанд.
Ба иттилои манбаъ, танҳо Маҳмад Сафаров, сокини шаҳри Бохтар дар ҳолати вазнин қарор дошта, 95% баданаш осеб дидааст. Ӯ зимни таркиши баллони газ дар яке аз ошхонаҳои дохили бозор захм бардоштааст.
Дар бораи шумори бистаришудагон ва вазъи дақиқи онҳо то ҳол маълумоти расмӣ мавҷуд нест.