Туркия шаҳрвандони Афғонистонро барои ҷанг дар Украина ҷалб мекунад

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкСледы краски на стене и разбитые окна здания посольства Турции в Москве, у которого прошла акция протеста против действий Военно-воздушных сил Турции. Архивное фото
Следы краски на стене и разбитые окна здания посольства Турции в Москве, у которого прошла акция протеста против действий Военно-воздушных сил Турции. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Намояндагиҳои хориҷии Туркия дар Эрон шаҳрвандони Афғонистонро барои ширкат дар амалиёт дар Украина ҷалб мекунанд. Асноди зарурӣ дар Туркия омода мешавад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Намояндагии хориҷаи Туркия дар Эрон бо дастури Анкара шаҳрвандони Афғонистонро, ки дар ин кишвар ба сар мебаранд, барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ ба ыонбидории Киев ҷалб мекунанд.
Дар ин бора, як манбаи дипломатӣ рӯзи ҷумъа ба РИА "Новости" хабар додааст..
"Тибқи гузоришҳо, намояндагиҳои хориҷии Туркия дар Эрон бо дастури Анкара шаҳрвандони Афғонистонро дар Эрон барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ аз тарафи режими Киев ҷалб мекунанд", - нақл кард манбаъ.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати ин ниҳод, "ба онҳо барои рафтан ба Туркия кумак мекунанд ва сипас дар ин кишвар асноди заруриро барои рафтан ба Украина тартиб медиҳанд".
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард.
Саммит G20 в Риме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Дар ду курсӣ менишинад: ҳадафи аслии Эрдуғон ошкор шуд
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0