https://sputnik.tj/20220511/vukh-rusiya-uzrpursii-lahistonro-intizor-ast-1048375450.html
ВУХ Русия узрпурсии Лаҳистонро интизор аст
ВУХ Русия узрпурсии Лаҳистонро интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии дипломатияи Лаҳистон дар Русия ба Вазорати умури хориҷӣ даъват карда шуд. Гуфтугӯ камтар аз 20 дақиқа давом кард
2022-05-11T21:00+0500
2022-05-11T21:00+0500
2022-05-11T21:03+0500
дар русия
вазорати умури хориҷии русия
сиёсат
лаҳистон
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0d/1032617342_0:0:2979:1677_1920x0_80_0_0_96c31393a4ae9fa138501165f3bdb09a.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Маскав дар робита ба ҳодисаи рӯзи 9 май бо сафири Русия рухдода узрхоҳии расмии Варшаваро интизор аст. Дар ин бора баъд аз даъват шудани намояндаи расмии Лаҳистон ба Вазорати корҳои хориҷии Русия иттилоъ дода шуд. Ҷониби Русия изҳор дошт, ки дар робита ба ҳодисаи рухдода аз раҳбарияти Лаҳистон узрхоҳии расмиро интизор аст.Илова бар ин Вазорати хориҷаи Русия хостори таъмини амнияти сафири Русия ва тамоми кормандони намояндагии хориҷӣ дар Лаҳистон шудааст."Тасмим дар бораи иқдомоти минбаъда вобаста ба вокуниши Варшава ба талабҳои мо гирифта мешавад", - таъкид карданд.Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба сафири Русия Сергей Андреев дар Варшава рӯзи 9 май замоне рух дод, ки дипломат ҳамроҳ бо ҳамсараш ва аъзои намояндагии дипломатӣ ба қабристони ёдбуди сарбозони шӯравӣ дар кӯчаи Жвирки ва Вигура омаданд. Онҳоро зуд издиҳоми хашмгин иҳота кард ва шиорҳои зиддирусӣ сар дод.Зимнан фаъолони маҳаллӣ роҳи ёдгориро бастанд ва ҳангоме ки ҳайати Русия бозистоданд, ба рӯи онҳо ранги сурх пошиданд.Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, миллатгароён дигарбора чеҳраи худро нишон доданд ва он хунбор аст".
https://sputnik.tj/20220509/varshava-ru-safir-rusiya-rang-poshidand-1048318652.html
лаҳистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0d/1032617342_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_b2425eb71143b16414f8e002a7bbb71a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия лаҳистон
ВУХ Русия узрпурсии Лаҳистонро интизор аст
21:00 11.05.2022 (Навсозишуда: 21:03 11.05.2022) Намояндагии дипломатияи Лаҳистон дар Русия ба Вазорати умури хориҷӣ даъват карда шуд. Гуфтугӯ камтар аз 20 дақиқа давом кард
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Маскав дар робита ба ҳодисаи рӯзи 9 май бо сафири Русия рухдода узрхоҳии расмии Варшаваро интизор аст.
Дар ин бора баъд аз даъват шудани намояндаи расмии Лаҳистон ба Вазорати корҳои хориҷии Русия иттилоъ дода шуд.
"11 май сафири Лаҳистон дар Русия Кшиштоф Краевский дар робита ба амали даҳшатноки ҳамла ба сафири Русия дар Полша Сергей Андреев ҳангоми гузоштани гулчанбар дар қабристони ёдбуди озодихоҳони шӯравӣ дар Варшава ба Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват карда шуд", - омадааст дар хабар.
Ҷониби Русия изҳор дошт, ки дар робита ба ҳодисаи рухдода аз раҳбарияти Лаҳистон узрхоҳии расмиро интизор аст.
Илова бар ин Вазорати хориҷаи Русия хостори таъмини амнияти сафири Русия ва тамоми кормандони намояндагии хориҷӣ дар Лаҳистон шудааст.
"Тасмим дар бораи иқдомоти минбаъда вобаста ба вокуниши Варшава ба талабҳои мо гирифта мешавад", - таъкид карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба сафири Русия Сергей Андреев дар Варшава рӯзи 9 май замоне рух дод, ки дипломат ҳамроҳ бо ҳамсараш ва аъзои намояндагии дипломатӣ ба қабристони ёдбуди сарбозони шӯравӣ дар кӯчаи Жвирки ва Вигура омаданд.
Онҳоро зуд издиҳоми хашмгин иҳота кард ва шиорҳои зиддирусӣ сар дод.
Зимнан фаъолони маҳаллӣ роҳи ёдгориро бастанд ва ҳангоме ки ҳайати Русия бозистоданд, ба рӯи онҳо ранги сурх пошиданд.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, миллатгароён дигарбора чеҳраи худро нишон доданд ва он хунбор аст".