Толибон: Амрико омили фақру нооромиҳо дар Афғонистон аст

© AP / Rahmat GulБаза Баграм в Афганистане
База Баграм в Афганистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Обуна шудан
Вазорати кор ва умури иҷтимоии ҳукумати сарпарасти толибон Амрикоро дар бекорӣ, фақр ва ҳама нооромиҳо дар Афғонистон муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Вазорати кор ва умури иҷтимоии ҳукумати сарпарсти толибон ахиран бо нашри як баёния гуфтааст, ба гунае ки дафтари бозраси Амрико дар гузориши ахири худ навиштааст, тақрибан 500 ҳазор афғон аз моҳи июл то сентябри соли 2021 ҷои кори худро аз даст додаанд.

“Сабаби асосии ин ҳама нооромиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон ИМА ва муттаҳидони он аст”, - таъкид кардааст Вазорати кор ва умури иҷтимоии ҳукумати сарпарасти толибон.

Дар баёния ҳамчунин гуфта шудааст, толибон умедвор аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо лағви таҳримҳои ҷорӣ ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳи вижае хоҳад кард, то зиндагии мардум ба ҳолати оддӣ баргардад ва мизони бекорӣ коҳиш ёбад.
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Амруллоҳ Солеҳ: Муқовимат ба зудӣ дар саросари Афғонистон густариш меёбад
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳукумати толибон тарҳҳои макроиқтисодӣ барои коҳиши бекорӣ ва дастёбӣ ба худкифоии кишвар, аз қабили ифтитоҳи сарбанди Қӯштеппа, истихроҷи маъданҳо дар ҳавзаи шимолӣ, оғози кор ва тасҳилот дар амалӣ шудани пружаи ТАПИ, таъмини амнияти сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳимоят аз сектори хусусӣ ва даҳҳо барномаи дигарро фароҳам кардааст.
Садҳо ҳазор нафар пас аз суқути кишвар ба дасти толибон ҷои кори худро аз даст доданд.
Сармоягузорон аз ин кишвар фирор карданд, бонкҳо бо буҳрони пардохтпазирӣ рӯ ба рӯ ва миллионҳо нафар ба фақр дучор шуданд.
Бар асоси арзёбиҳои байналмилалӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 24 миллион нафар дар ин кишвар ба кумаки оҷил ниёз доранд.
Лентаи хабарҳо
0