https://sputnik.tj/20220504/safarbarsoz-guruh-donishjuyon-artish-oblava-1048183474.html
Сафарбарсозии гурӯҳии донишҷӯён ба артиш "облава"-ро аз байн мебарад?
Сафарбарсозии гурӯҳии донишҷӯён ба артиш "облава"-ро аз байн мебарад?
Sputnik Тоҷикистон
Давоми ду ҳафтаи охир, садҳо донишҷӯ бо супоридани имтиҳони хатми пеш аз муҳлати донишгоҳу донишкада ба сафи артиши кишвар сафарбар гардиданд
2022-05-04T18:35+0500
2022-05-04T18:35+0500
2022-05-04T19:35+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
мақомот
комиссариат
хизматчиёни ҳарбӣ
донишҷӯён
суғд
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/68/1028616861_0:32:609:375_1920x0_80_0_0_0e43fc79c80b8ae83413808066fddaa6.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Наздик ба 300 донишҷӯй ва хатмкунанда тайи рӯзҳои охир аз донишгоҳу донишкадаҳо ба хидмати ҳарбӣ гусел шуданд. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран бо ироаи мактуб унвонии ректорони муассисаҳои олии ҷумҳурӣ иҷозат дод, донишҷӯёне, ки хоҳиши хидмати ҳарбӣ рафтанро доранд, имтиҳонҳоро пеш аз муҳлат супоранд.Дар мактуб, ки як нусхаи он дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, гуфта шудааст, барои донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷум, ки хоҳиши хидмат дар артишро доранд, супоридани пеш аз муҳлати имтиҳон иҷозат дода шавад. Зайниддин Насриддинов, муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металургии ҶТ дар шаҳри Бӯстон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 42 нафар аз ҷамъи донишҷӯёни ба хидмат сафарбаршуда дастпарварони ҳамин донишкадаанд.Насриддинов гуфт, онҳое, ки бо ихтиёри худ ба ҳидмат рафтанд, курси чорсолаи донишкадаро хатм намудаанд. Вай илова кард, ки ҳоло имтиҳонсупорӣ ва дифои рисолаи дипломӣ барои хатмкунандагоне, ки мехоҳанд, ба артиш бипайванданд, идома дорад. Аз миёни 161 донишҷӯе, ки аз Суғд ба хидмат сафарбар шудаанд, 106 донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 42 донишҷӯи Донишкадаи кӯҳии металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва 13 донишҷӯи дигар аз донишгоҳҳу коллеҷҳои ҳудуди ин вилоят мебошанд. Аз донишгоҳу донишкадаҳо дар шаҳри Душанбе низ гусели донишҷӯён ба хидмат идома дорад. Аз ҷумла 111 донишҷӯи умдатан хатмкардаҳои факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар шудаанд.Фаридун Маҳмадализода, котиби матбуотии Вазорати мудофиа гуфт, бо гузашти беш аз 1 моҳ аз оғози даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон 25 шаҳру ноҳия аз иҷрои нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ гузориш додаанд. То ҳол нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба артиш дар Тоҷикистон наздик ба 70% иҷро шудааст, афзуд манбаъ. Мақомот мегӯянд, теъдоди ҷавонписароне, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ мераванд ва нафарони дорои маълумоти олӣ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар будааст. Даъвати ҷавонон ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва тақрибан дар ҳар ду давр хабарҳо дар расонаҳою шабакаҳои иҷтимоӣ аз "облава" ё "сарбозшикор" сол нашр мешаванд. Масъулин сарпечии ҷавонон аз хидмати сарбозиро як далели раднопазири иҷрои мушкили нақшаи даъвати ҳарбӣ медонанд, вале шуморе аз ҷавонон мегӯянд, сарбозӣ танҳо хоси ҷавонони оддӣ шудаасту писарони афроди мансабдор аз он парҳез мекунанд. Чунин ихтилофи назарҳо ҳамасола дар раванди даъвати ҷавонон ба қисмҳои низомӣ садо медиҳад. Комиссари собиқ гуфт, чӣ "облава"-ро аз байн мебарад Музаффар Бобоҷонов, комиссари ҳарбии собиқ ва коршиноси созмони ҳуқуқии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Хуҷанд иддао дорад, ки сафарбаршавии гурӯҳии донишҷӯён ба артиш ба аз байн рафтани “облава” ва ё ҳолатҳои ба таври маҷбурӣ фиристодани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ мунҷар намешавад. Ин собиқадори комиссариати ҳарбӣ мегӯяд, барои паст намудани сатҳи "облава" чанд омил нақши муассир гузошта метавонад. "Қабл аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳарбӣ, ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар мактаб ва ҳавасмандии омӯзгорони омодагии ҳарбӣ. Баробарии ҳамаи ҷавонон дар зимни сафарбаршавӣ ба артиш таъмин гардаду дар ин миён фарзандони мансабдорони давлатӣ бояд намуна бошанд", - иброз намуд ӯ. Вай ҳамчунин пешгирӣ аз меҳтарсолорӣ (дедовшина) дар сафи артишро омили дигари ҳавасмандкунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ арзёбӣ кард. Бобоҷонов хотиррасон намуд, ки "облава" хилофи қонун буда, ин падидаи номатлуб ба имиҷи артиши кишвар ҳам латма мезанад. Чанде қабл додситони Суғд дар зимни баргузории як ҷаласа раванди ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар вилоятро суст арзёбӣ карда, натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ дар ин бахшро баён дошт. Фурқат Хоҷазода, прокурори Суғд гуфт, ки дар вақти ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ ҳолатҳои коррупсионӣ ва суистифода аз мансаб ҷой доранд. "Дар ин самт омилҳои коррупсионӣ паҳн гардида, якчанд ҷиноят бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ содир шудаанд. Чизи дигар ин аст, ки фаъолияти мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт дуруст ба роҳ монда нашудааст", - таъкид кард додситон. Хоҷазода сабаби саркашии бархе ҷавонон аз хидмати ҳарбиро суст будани таълими омодагии ҳарбӣ дар шароити макотиби миёна арзёбӣ кард. Ёдовар мешавем, ки аз оғози апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, он ду моҳ идома мекунад. Дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20220503/vazorat-naqsha-davat-ijro-shudu-1048153397.html
https://sputnik.tj/20220503/muovin-emomali-rahmon-donishjuy-khizmat-harbi-1048146918.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/68/1028616861_26:0:567:406_1920x0_80_0_0_abdb88fb9cf33d530f6dc38dd464bc5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
донишгоҳ, артиш, облава
Сафарбарсозии гурӯҳии донишҷӯён ба артиш "облава"-ро аз байн мебарад?
18:35 04.05.2022 (Навсозишуда: 19:35 04.05.2022) Давоми ду ҳафтаи охир садҳо донишҷӯ бо супоридани имтиҳони хатми пеш аз муҳлати донишгоҳу донишкадаҳо ба сафи артиши кишвар сафарбар гардиданд
ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Наздик ба 300 донишҷӯй ва хатмкунанда тайи рӯзҳои охир аз донишгоҳу донишкадаҳо ба хидмати ҳарбӣ гусел шуданд.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран бо ироаи мактуб унвонии ректорони муассисаҳои олии ҷумҳурӣ иҷозат дод, донишҷӯёне, ки хоҳиши хидмати ҳарбӣ рафтанро доранд, имтиҳонҳоро пеш аз муҳлат супоранд.
Дар мактуб, ки як нусхаи он дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, гуфта шудааст, барои донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷум, ки хоҳиши хидмат дар артишро доранд, супоридани пеш аз муҳлати имтиҳон иҷозат дода шавад.
Зайниддин Насриддинов, муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металургии ҶТ дар шаҳри Бӯстон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 42 нафар аз ҷамъи донишҷӯёни ба хидмат сафарбаршуда дастпарварони ҳамин донишкадаанд.
Насриддинов гуфт, онҳое, ки бо ихтиёри худ ба ҳидмат рафтанд, курси чорсолаи донишкадаро хатм намудаанд. Вай илова кард, ки ҳоло имтиҳонсупорӣ ва дифои рисолаи дипломӣ барои хатмкунандагоне, ки мехоҳанд, ба артиш бипайванданд, идома дорад.
Аз миёни 161 донишҷӯе, ки аз Суғд ба хидмат сафарбар шудаанд, 106 донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 42 донишҷӯи Донишкадаи кӯҳии металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва 13 донишҷӯи дигар аз донишгоҳҳу коллеҷҳои ҳудуди ин вилоят мебошанд.
Аз донишгоҳу донишкадаҳо дар шаҳри Душанбе низ гусели донишҷӯён ба хидмат идома дорад. Аз ҷумла 111 донишҷӯи умдатан хатмкардаҳои факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар шудаанд.
Фаридун Маҳмадализода, котиби матбуотии Вазорати мудофиа гуфт, бо гузашти беш аз 1 моҳ аз оғози даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон 25 шаҳру ноҳия аз иҷрои нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ гузориш додаанд. То ҳол нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба артиш дар Тоҷикистон наздик ба 70% иҷро шудааст, афзуд манбаъ.
Мақомот мегӯянд, теъдоди ҷавонписароне, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ мераванд ва нафарони дорои маълумоти олӣ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар будааст.
Даъвати ҷавонон ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва тақрибан дар ҳар ду давр хабарҳо дар расонаҳою шабакаҳои иҷтимоӣ аз "облава" ё "сарбозшикор" сол нашр мешаванд.
Масъулин сарпечии ҷавонон аз хидмати сарбозиро як далели раднопазири иҷрои мушкили нақшаи даъвати ҳарбӣ медонанд, вале шуморе аз ҷавонон мегӯянд, сарбозӣ танҳо хоси ҷавонони оддӣ шудаасту писарони афроди мансабдор аз он парҳез мекунанд. Чунин ихтилофи назарҳо ҳамасола дар раванди даъвати ҷавонон ба қисмҳои низомӣ садо медиҳад.
Комиссари собиқ гуфт, чӣ "облава"-ро аз байн мебарад
Музаффар Бобоҷонов, комиссари ҳарбии собиқ ва коршиноси созмони ҳуқуқии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Хуҷанд иддао дорад, ки сафарбаршавии гурӯҳии донишҷӯён ба артиш ба аз байн рафтани “облава” ва ё ҳолатҳои ба таври маҷбурӣ фиристодани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ мунҷар намешавад.
Ин собиқадори комиссариати ҳарбӣ мегӯяд, барои паст намудани сатҳи "облава" чанд омил нақши муассир гузошта метавонад.
"Қабл аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳарбӣ, ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар мактаб ва ҳавасмандии омӯзгорони омодагии ҳарбӣ. Баробарии ҳамаи ҷавонон дар зимни сафарбаршавӣ ба артиш таъмин гардаду дар ин миён фарзандони мансабдорони давлатӣ бояд намуна бошанд", - иброз намуд ӯ.
Вай ҳамчунин пешгирӣ аз меҳтарсолорӣ (дедовшина) дар сафи артишро омили дигари ҳавасмандкунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ арзёбӣ кард.
Бобоҷонов хотиррасон намуд, ки "облава" хилофи қонун буда, ин падидаи номатлуб ба имиҷи артиши кишвар ҳам латма мезанад.
Чанде қабл додситони Суғд дар зимни баргузории як ҷаласа раванди ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар вилоятро суст арзёбӣ карда, натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ дар ин бахшро баён дошт.
Фурқат Хоҷазода, прокурори Суғд гуфт, ки дар вақти ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ ҳолатҳои коррупсионӣ ва суистифода аз мансаб ҷой доранд.
"Дар ин самт омилҳои коррупсионӣ паҳн гардида, якчанд ҷиноят бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ содир шудаанд. Чизи дигар ин аст, ки фаъолияти мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт дуруст ба роҳ монда нашудааст", - таъкид кард додситон.
Хоҷазода сабаби саркашии бархе ҷавонон аз хидмати ҳарбиро суст будани таълими омодагии ҳарбӣ дар шароити макотиби миёна арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, он ду моҳ идома мекунад. Дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб хоҳанд шуд.