https://sputnik.tj/20220428/jabborov-bistari-qirgiziston-1048030475.html
Ҷабборов бо дарди дил бистарӣ шуд
Ҷабборов бо дарди дил бистарӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар бораи бистарӣ шудани Оқилбек Ҷабборов, дафтари матбуоти девони вазирон хабар додааст. Гуфта шуд, ки савазири Қирғизистон дар кадом беморхона бистарӣ шудааст
2022-04-28T13:30+0500
2022-04-28T13:30+0500
2022-04-28T19:20+0500
тандурустӣ
қирғизистон
сарвазир
бистарӣ
сактаи қалб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_19:0:981:541_1920x0_80_0_0_af273046e24e5177812737b8c92e8b49.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Субҳи 28 апрел раиси Девони Вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов дар Маркази миллии дилшиносии ба номи В. М. Мирраҳимов бистарӣ шуд.Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Девони Вазирони ин кишвар хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки сиёсатмадор бо шикояти дарди дил ва фишори пасти хун бистарӣ шудааст.Дар натиҷаи ташхиси электрокардиография ва ангиографияи коронарӣ инфаркти миокарда тасдиқ нашуда, балки спазми рагҳои дил ошкор шудааст.Вазири тандурустии ин кишвар Олимқодир Бейшеналиев дар суҳбат бо Sputnik Қирғизистон вазъи Ҷабборовро чунин шарҳ додааст:"Гумон мерафт, ки сарвазир сактаи миокард дорад, ташхиси аввалия "ҳолати пеш аз инфарктӣ, спазми рагҳои дил"-ро нишон дод. Тартиби ЭКГ ва ЭхоКГ натиҷа надоданд. Ангиографияи коронарӣ бемории рагҳои дилро нишон дод, аммо инфаркт набуд. Сабаби ба чунин вазъ расидан, парвози дуру дароз аст", - гуфтааст вазорати тандурустии Қирғизистон.Митинг дар Бишкек: мардум озодии Отамбоев ва ҳабси Жээнбековро талаб доранд - видеоАйни замон вазъи саломатии нахуствазир муътадил ва қаноатбахш арзёбӣ мешавад. Ӯ дар шуъбаи эҳё бистарӣ шудааст.Табибон қарор кардаанд, ки барои табобати пурра Ҷабборов бояд бистарӣ шавад.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_139:0:860:541_1920x0_80_0_0_529e429e68faf73a1760d36d39a801b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазъ, саломатӣ, ҷабборов, қирғизистон
вазъ, саломатӣ, ҷабборов, қирғизистон
Ҷабборов бо дарди дил бистарӣ шуд
13:30 28.04.2022 (Навсозишуда: 19:20 28.04.2022) Дар бораи бистарӣ шудани Оқилбек Ҷабборов, дафтари матбуоти Девони Вазирон хабар додааст. Гуфта шуд, ки савазири Қирғизистон дар кадом беморхона бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Субҳи 28 апрел раиси Девони Вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов дар Маркази миллии дилшиносии ба номи В. М. Мирраҳимов бистарӣ шуд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Девони Вазирони ин кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки сиёсатмадор бо шикояти дарди дил ва фишори пасти хун бистарӣ шудааст.
Дар натиҷаи ташхиси электрокардиография ва ангиографияи коронарӣ инфаркти миокарда тасдиқ нашуда, балки спазми рагҳои дил ошкор шудааст.
Вазири тандурустии ин кишвар Олимқодир Бейшеналиев дар суҳбат бо Sputnik Қирғизистон вазъи Ҷабборовро чунин шарҳ додааст:
"Гумон мерафт, ки сарвазир сактаи миокард дорад, ташхиси аввалия "ҳолати пеш аз инфарктӣ, спазми рагҳои дил"-ро нишон дод. Тартиби ЭКГ ва ЭхоКГ натиҷа надоданд. Ангиографияи коронарӣ бемории рагҳои дилро нишон дод, аммо инфаркт набуд. Сабаби ба чунин вазъ расидан, парвози дуру дароз аст", - гуфтааст вазорати тандурустии Қирғизистон.
Айни замон вазъи саломатии нахуствазир муътадил ва қаноатбахш арзёбӣ мешавад. Ӯ дар шуъбаи эҳё бистарӣ шудааст.
Табибон қарор кардаанд, ки барои табобати пурра Ҷабборов бояд бистарӣ шавад.