Зарари ширкати "Visa" баъд аз тарки бозори Русия маълум шуд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкБанковские карты международных платежных систем VISA. Архивное фото
Банковские карты международных платежных систем VISA. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Ширкати амрикоии "Visa" эълон кардааст, ки баъд аз қатъи ҳамкорӣ бо ширкати фаръии русияш 35 миллион доллар зарар дидаааст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Тавре дар гузориши ахири ширкати “Visa Inc.” гуфта шудааст, ширкати амрикоӣ баъд аз қатъи ҳамкорӣ бо ширкати фаръии русияш дар ҳаҷми 35 миллион доллар зарар дидааст.
Дар аввали моҳи март ширкати "Visa" эълон кард, ки фаъолияташро дар қаламрави Русия мутаваққиф хоҳад кард. Дар гузориши худ ширкат тавзеҳ дод, ки дигар аз фаъолияти дохилӣ ва фаромарзӣ даромад намегирад.
"Дар давоми се ва шаш моҳе, ки 31 марти соли 2021 ба охир расид, мо дар натиҷаи қатъи ҳамкорӣ бо ширкати фаръии русиямон 35 миллион доллар зарар дидем. Барои дастгирӣ кардани кормандонамон дар Русия ва Украина, мо ба маблағи 25 миллион доллар масраф кардем”, - омадааст дар гузориш.
Дар ҳамин ҳол даромади софи ширкат дар нимсолаи аввали соли молиявии 2021-2022 (31 март ба охир расид) 24 дарсад афзуда, 7 миллиарду 606 миллион долларро ташкил додааст.
Абзалов: у Европы только два выхода – смерть экономики или переговоры с Россией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Коршинос: Аврупо танҳо ду роҳ дорад - марги иқтисод ё гуфтушунид бо Федератсияи Русия
Дар асоси як саҳмия, фоидаи нимсолаи ширкат аз 2,8 доллари соли қаблӣ ба 3,54 доллар расид. Даромади "Visa" 14,248 миллиард долларро ташкил дод, ки тақрибан 25 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар семоҳаи дуюм даромади софи "Visa" 20,5 фоиз афзуда, ба 3 миллиарду 647 миллион доллар расидааст.
"Мо дар пасманзари амалиёти Русия дар Украина ва тасмими қатъи фаъолият дар Русия як семоҳаи хеле қавӣ доштем. Таъсири шиддати omicron кутоҳмуддат буд ва эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ, ки дар миёнаҳои соли гузашта оғоз ёфт, идома дошт. Мо дар аксари кишварҳои ҷаҳон рушди муътадилро ба қайд гирифтем.<…> Дар ҳоле ки муҳити геополитикӣ номуайян боқӣ мемонад, мо интизори афзоиши минбаъдаро аз барқароршавии бахши саёҳат ва истифодаи усулҳои анъанавӣ ва нави пардохт ба вуҷуд меорем," - гуфт Алфред Келли, мудири кулли ширкат.
Саҳмияҳои ширкат 4,6 дарсад боло рафтанд.
Премьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Сохтмонҳо набояд бозистанд: Мишустин аз чораҳо барои дастгирии иқтисод гуфт
"Visa" як низоми ҷаҳонии пардохт аст, ки дастрасӣ ба шабакаи электронии пардохтро барои дорандагони кортҳо, тоҷирон, муассисаҳои молиявӣ ва давлатӣ фароҳам меорад.
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои низозудоӣ ва ғайринизомисозии Украина Ғарб фишори таҳримот алайҳи Маскавро афзоиш дод. Маҳдудиятҳо пеш аз ҳама бар зидди бахши бонкӣ равона шуданд: якчанд бонки бузурги Русия аз низоми SWIFT хориҷ карда шуд; "Visa" ва "Mastercard" хидматрасонии худро дар Русия қатъ карданд, бисёр кишварҳо дар бораи мунҷамид кардани дороиҳои Русия эълон карданд.
Тавре президент Владимир Путин қайд кард, Ғарб бо мунҷамид кардани дороиҳои Русия амалан эътимоднокии асъори худро зери шубҳа гузошт.
Лентаи хабарҳо
0