https://sputnik.tj/20220422/vazir-tolib-diplomat-osiyoi-markazi-tojikiston-1047863468.html
Вазири толибҳо бо дипломатҳои Осиёи Марказӣ аз CASA-1000 гуфт: намояндаи Тоҷикистон набуд
Вазири толибҳо бо дипломатҳои Осиёи Марказӣ аз CASA-1000 гуфт: намояндаи Тоҷикистон набуд
Sputnik Тоҷикистон
Иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии толибҳо бо дипломатҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла дар бахши энержиро баррасӣ кард
2022-04-22T15:00+0500
2022-04-22T15:00+0500
2022-04-22T19:17+0500
осиёи марказӣ
энергетика
casa-1000
толиб
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:2331:1312_1920x0_80_0_0_867757223e805a053231f2e1115af909.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Амирхон Мутаққӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати толибҳо сафирони Ӯзбекистону Қазоқистон ва намояндагони Туркманистону Қирғизистонро ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар дода афзуд, ки мавзуи меҳварии мулоқот ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ будаанд. Аз масоиле, ки нисбатан муфассал ба онҳо таваҷҷуҳ шудааст, роҳи оҳани фароафғонистонӣ ва хатти интиқоли барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ - CASA-1000 будаанд. Тоҷикистон гарчанде яке аз иштирокдорони калидии лоиҳаи хатти интиқоли CASA-1000 мебошад, аз иштироки намояндааш дар баррасии ин тарҳ бо толибҳо хабар дода нашудааст. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ахиран гуфт, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80%-и корҳо дар сохтмони CASA-1000 анҷом ёфтаанд. Ӯ таъкид намуд, ки қисмати тоҷикистонии ин хатти интиқоли барқ соли 2022 омода хоҳад шуд.Ба гуфтаи вазири тоҷик, тарҳи CASA-1000 аз нигоҳи маблағгузорӣ, таҷҳизот ва сохтмон феълан дар сатҳе қарор дорад, ки ягон шубҳа дар амалишавияш нест ва чизе наметавонад монеаи он шавад. Ӯ афзуд, уҳдадориҳои кишварҳои иштирокдори ин тарҳ дар созишномаи генералӣ зикр шудаанд.Бар асоси тарҳи CASA-1000, интизор меравад, аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон ҳудуди ҳазор мегаватт ва ба Афғонистон ҳудуди сесад мегаватт нерӯи барқ содир шавад.
https://sputnik.tj/20220304/mirziyoev-imron-khon-loiha-kalidi-afghoniston-1046541358.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:1963:1472_1920x0_80_0_0_0feb3c85ae634cf90790aef6e635d1f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баррасӣ, casa - 1000, интиқол, энергетика, барқ
баррасӣ, casa - 1000, интиқол, энергетика, барқ
Вазири толибҳо бо дипломатҳои Осиёи Марказӣ аз CASA-1000 гуфт: намояндаи Тоҷикистон набуд
15:00 22.04.2022 (Навсозишуда: 19:17 22.04.2022) Иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии толибҳо бо дипломатҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла дар бахши энержиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Амирхон Мутаққӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати толибҳо сафирони Ӯзбекистону Қазоқистон ва намояндагони Туркманистону Қирғизистонро ба ҳузур пазируфтааст.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар дода афзуд, ки мавзуи меҳварии мулоқот ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ будаанд.
"Равобити тиҷорию иқтисодии кишварҳои Осиёи Миёна бо Афғонистон баррасӣ шуда, таъкид гардидааст, ки имкониятҳои нави ҳамкорӣ бояд ба манфиати тамоми минтақа истифода шаванд", - омадааст дар хабар.
Аз масоиле, ки нисбатан муфассал ба онҳо таваҷҷуҳ шудааст, роҳи оҳани фароафғонистонӣ ва хатти интиқоли барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ - CASA-1000 будаанд.
Тоҷикистон гарчанде яке аз иштирокдорони калидии лоиҳаи хатти интиқоли CASA-1000 мебошад, аз иштироки намояндааш дар баррасии ин тарҳ бо толибҳо хабар дода нашудааст.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ахиран гуфт, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80%-и корҳо дар сохтмони CASA-1000 анҷом ёфтаанд. Ӯ таъкид намуд, ки қисмати тоҷикистонии ин хатти интиқоли барқ соли 2022 омода хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, тарҳи CASA-1000 аз нигоҳи маблағгузорӣ, таҷҳизот ва сохтмон феълан дар сатҳе қарор дорад, ки ягон шубҳа дар амалишавияш нест ва чизе наметавонад монеаи он шавад. Ӯ афзуд, уҳдадориҳои кишварҳои иштирокдори ин тарҳ дар созишномаи генералӣ зикр шудаанд.
Бар асоси тарҳи CASA-1000, интизор меравад, аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон ҳудуди ҳазор мегаватт ва ба Афғонистон ҳудуди сесад мегаватт нерӯи барқ содир шавад.