https://sputnik.tj/20220420/50-hazor-muhojir-vorid-rusiya-1047805306.html
Манъи вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия
Манъи вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия
Sputnik Тоҷикистон
Қонунгузории Русия 22 асосро барои муваққатан мамнӯъ кардани вуруд пешбинӣ мекунад, ки асоситаринашон миқдори зиёди ҷиноятҳост
2022-04-20T16:50+0500
2022-04-20T16:50+0500
2024-01-27T15:24+0500
муҳоҷират
дар русия
муҳоҷир
иҷозаи вуруд
манъи вуруд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0f/1060932723_0:0:3142:1768_1920x0_80_0_0_007bc373262f5d37384a3afcdda789a5.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Тайи 3 моҳи соли 2022 вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия мамнуъ шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод. Раёсат таъкид кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 7 ҳазор нафар камтар аст. Он замон қариб 60 ҳазор муҳоҷир ба Русия омада натавонистанд. Ин омор ба ҷуз аз шаҳрвандони хориҷӣ шахсони бешаҳрвандро низ шомил мешавад.Одатан муҳоҷир дар сурати доштани қонуншикании зиёди маъмурӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карда мешавад. Шаҳрвандони дигар давлатҳо наметавонанд ба Русия сафар кунанд, агар шартҳои будубошро дар ҷараёни сафари қаблӣ риоя накарда ва тартиби убури сарҳадро вайрон карда бошанд.Дар сурати пешниҳоди маълумоти бардурӯғ, доғи судӣ, қарз ва ҷарима, ширкат дар созмони мамнуъ ё террористӣ, дар сурати ихроҷ шудан, вориди кишвар шуда наметавонед. Дар маҷмуъ қонунгузории Русия 22 асос барои мамнуияти муваққати вурудро пешбинӣ мекунад. Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия гуфта буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 онҳо тамоюли мусбатро дар байни шаҳрвандони дигар давлатҳо қайд кардаанд. Муҳоҷирон ба тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои будубош дар Русия бештар талош доранд.Миёни муҳоҷирон дар Русия як тамоюли нав мушоҳида шудРаёсат гуфт, шумораи хориҷиёне, ки сабти ном, патент, иқомати муваққатӣ ва иҷозаи иқомат гирифтаанд, нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст. Вазорати корҳои дохилӣ инчунин дар бораи бозгашти ҷараёни муҳоҷират дар Русия ба нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия хабар дод.
https://sputnik.tj/20220316/ikhroji-muhojir-rusiya-naqz-qonun-1046838277.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0f/1060932723_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_ffa0af5e03cba6b37061750fef83b848.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кор, зиндагӣ, русия, муҳоҷирон
кор, зиндагӣ, русия, муҳоҷирон
Манъи вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия
16:50 20.04.2022 (Навсозишуда: 15:24 27.01.2024) Қонунгузории Русия 22 асосро барои муваққатан мамнуъ кардани вуруд пешбинӣ мекунад, ки асоситаринашон миқдори зиёди ҷиноятҳост
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Тайи 3 моҳи соли 2022 вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия мамнуъ шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод.
Раёсат таъкид кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 7 ҳазор нафар камтар аст. Он замон қариб 60 ҳазор муҳоҷир ба Русия омада натавонистанд.
Ин омор ба ҷуз аз шаҳрвандони хориҷӣ шахсони бешаҳрвандро низ шомил мешавад.
Одатан муҳоҷир дар сурати доштани қонуншикании зиёди маъмурӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карда мешавад.
Шаҳрвандони дигар давлатҳо наметавонанд ба Русия сафар кунанд, агар шартҳои будубошро дар ҷараёни сафари қаблӣ риоя накарда ва тартиби убури сарҳадро вайрон карда бошанд.
Дар сурати пешниҳоди маълумоти бардурӯғ, доғи судӣ, қарз ва ҷарима, ширкат дар созмони мамнуъ ё террористӣ, дар сурати ихроҷ шудан, вориди кишвар шуда наметавонед.
Дар маҷмуъ қонунгузории Русия 22 асос барои мамнуияти муваққати вурудро пешбинӣ мекунад.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия гуфта буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 онҳо тамоюли мусбатро дар байни шаҳрвандони дигар давлатҳо қайд кардаанд.
Муҳоҷирон ба тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои будубош дар Русия бештар талош доранд.
Раёсат гуфт, шумораи хориҷиёне, ки сабти ном, патент, иқомати муваққатӣ ва иҷозаи иқомат гирифтаанд, нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Вазорати корҳои дохилӣ инчунин дар бораи бозгашти ҷараёни муҳоҷират дар Русия ба нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия хабар дод.