https://sputnik.tj/20220417/rusiya-jangiyon-khorij-ukraina-1047721313.html
Барои пулу куштор омаданд: генерали рус гуфт, ҷангиёни хориҷиро дар Украина чӣ интизор аст
Барои пулу куштор омаданд: генерали рус гуфт, ҷангиёни хориҷиро дар Украина чӣ интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Сарнавишти беҳтарине, ки ҷангиёни хориҷиро дар Украина интизор аст, ин ҷавобгарии ҷиноӣ ва маҳкумият ба ҳабс ба муҳлати тӯлонӣ мебошад, гуфт генерали Русия
2022-04-17T19:00+0500
2022-04-17T19:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёт
низомӣ
вазорати мудофиа
ҷангиён
хориҷӣ
игор конашенков
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046273790_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_c1385a77f2417ad2e63df33bf12599d0.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҷангиёни кирояи хориҷие, ки ба Украина омадаанд, тибқи қавонини байналмилалии башардӯстӣ, мақоми "комбатант"-ро надоранд. Дар ин бора Игор Конашенков, намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Русия хабар дод. "Онҳо ба Украина омадаанд, то пул кор кунанд бо роҳи куштори славянҳо. Барои ин беҳтарин чизе, ки онҳоро интизор аст, ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҳабси тӯлонӣ мебошад", - таъкид намуд генерал.Ба гуфтаи ӯ, феълан дар ҳайати нерӯҳои Украина дар шаҳри Мариупол ҳудуди 400 ҷангии хориҷӣ дар муҳосира қарор гирифтаанд. Таъкид шуд, ҷангиёни дар муҳосирабуда асосан шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ ва Канада мебошанд, ки дар ҳудуди "Азовстал" қарор доранд. Дар маҷмуъ Игор Конашенков изҳор дошт, ки аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина низоми Киев 6 ҳазору 824 нафар зархариди хориҷиро аз 63 давлати дунё ҷалб кард. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди нисбатан зиёди ҷангиёни хориҷӣ аз Лаҳистон омадаанд, ки шумораашон 1717 нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 1,5 ҳазор нафар аз ИМА, Канада ва ҳамчунин Руминия омаданд. Ба Бритониёи Кабир ва Гурҷистон то 300 нафарӣ рост меояд. Аз қаламрави Сурия, ки таҳти назорати Туркия қарор доранд, 193 нафаранд, афзуд генерал. Вай таъкид кард, ки дар натиҷаи амалиёти низомӣ теъдоди ҷангиёни хориҷӣ дар Украина кам шуда истодааст ва феълан ҳудуди 4 ҳазору 877 нафарро ташкил медиҳад.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220417/erdughon-rusiya-garavgon-masjidi-mariupol-1047719544.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046273790_70:0:1209:854_1920x0_80_0_0_a0817ca8c29e538a1d9e1c4848f27f63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ҷангиён, хориҷӣ, украина, интизор
русия, ҷангиён, хориҷӣ, украина, интизор
Барои пулу куштор омаданд: генерали рус гуфт, ҷангиёни хориҷиро дар Украина чӣ интизор аст
19:00 17.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Сарнавишти беҳтарине, ки ҷангиёни хориҷиро дар Украина интизор аст, ин ҷавобгарии ҷиноӣ ва маҳкумият ба ҳабс ба муҳлати тӯлонӣ мебошад, гуфт генерали Русия
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҷангиёни кирояи хориҷие, ки ба Украина омадаанд, тибқи қавонини байналмилалии башардӯстӣ, мақоми "комбатант"-ро надоранд.
Дар ин бора Игор Конашенков, намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
"Онҳо ба Украина омадаанд, то пул кор кунанд бо роҳи куштори славянҳо. Барои ин беҳтарин чизе, ки онҳоро интизор аст, ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҳабси тӯлонӣ мебошад", - таъкид намуд генерал.
Ба гуфтаи ӯ, феълан дар ҳайати нерӯҳои Украина дар шаҳри Мариупол ҳудуди 400 ҷангии хориҷӣ дар муҳосира қарор гирифтаанд. Таъкид шуд, ҷангиёни дар муҳосирабуда асосан шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ ва Канада мебошанд, ки дар ҳудуди "Азовстал" қарор доранд.
Дар маҷмуъ Игор Конашенков изҳор дошт, ки аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина низоми Киев 6 ҳазору 824 нафар зархариди хориҷиро аз 63 давлати дунё ҷалб кард.
Ба гуфтаи ӯ, теъдоди нисбатан зиёди ҷангиёни хориҷӣ аз Лаҳистон омадаанд, ки шумораашон 1717 нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 1,5 ҳазор нафар аз ИМА, Канада ва ҳамчунин Руминия омаданд. Ба Бритониёи Кабир ва Гурҷистон то 300 нафарӣ рост меояд. Аз қаламрави Сурия, ки таҳти назорати Туркия қарор доранд, 193 нафаранд, афзуд генерал.
Вай таъкид кард, ки дар натиҷаи амалиёти низомӣ теъдоди ҷангиёни хориҷӣ дар Украина кам шуда истодааст ва феълан ҳудуди 4 ҳазору 877 нафарро ташкил медиҳад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.