ВУХ Олмон таҳрими гази Русияро бемаънӣ медонад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВстреча глав МИД РФ и ФРГ С. Лаврова и А. Бербок
Встреча глав МИД РФ и ФРГ С. Лаврова и А. Бербок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Олмон гуфт, ки бо радди харидории гази Русия ин кишвар ба чӣ таҳдидҳое рӯ ба рӯ мешавад ва чунин тасмим вазъияти кунуниро чӣ гуна тағйир медиҳад
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Мамнуияти воридоти газ аз Русия ҳоло барои Олмон ғайриқобили қабул аст, мегӯяд Анналена Бурбок, вазири хориҷаи Олмон.
Вай дар ин бора дар шабакаи телевизионии "Tagesschau" изҳори назар кард.
"Агар эмбаргои комил ин ҷангро қатъ мекард, пас мо онро фавран анҷом медодем", - навиштааст нашриёти "Велт" аз қавли вазири хориҷа.
Чунин тасмим танҳо низоъро дар шароити кунунӣ афзоиш хоҳад кард, афзуд вазир.
Бо вуҷуди ин Бурбок гуфт, шеваи марҳила ба марҳила қатъ кардани воридоти газ аз Русия на танҳо омода карда мешавад, балки "ба таври оммавӣ" оғоз хоҳад шуд.
Мақомоти Олмон ин мавзуъро бо шарикони аврупоӣ дар Брюссел рӯзҳои наздик баррасӣ хоҳанд кард.
Человек в костюме Статуи Свободы на Таймс-сквер в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
ИМА бо таҳримот бартарияти худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад
Роберт Ҳабек, ноиби садри аъзами Олмон низ эътироф карда буд, ки эмбаргои гази Русия тасмими дуруст хоҳад буд.
Ба ақидаи ӯ, агар Берлин ба таҳрими сӯзишворӣ аз Русия шуруъ кунад, ин боиси парокандагии ҷомеаи Олмон ва зарбаи ҷуброннопазир ба тиҷорат хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд.
Бозиҳои нафтугазии Русия Аврупоро ба бунбаст бурданд
Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро манъ ва баъдан ба ин рӯйхат арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро илова кард.
Лентаи хабарҳо
0