Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Медведев: Заминҳои Украина барои Лаҳистон луқмаи болаззат ба назар мерасанд

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ
Заместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, дар телевизиони Лаҳистон "бевиҷдонона" харитаи тақсими Украинаро нишон медиҳанд
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Заминҳои Украина барои Лаҳистон як луқмаи болаззат ба назар мерасанд ва Варшава барои бароварда кардани ниятҳои худ аз риторикаи зиддирусӣ истифода мекунад, гуфтааст муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар мақолае дар хабаргузории Sputnik Лаҳистон.

"Сарзаминҳои Украина барои Варшава як луқмаи хеле болаззат ба назар мерасанд. Дар телевизиони Лаҳистон бидуни ранҷи виҷдон харитаи тақсими ин кишвари бадбахтро нишон медиҳанд, ки шуморе аз манотиқи ғарбии он ба Лаҳистон ворид аст", — навиштааст Медведев.

Ба гуфтаи вай, маълум аст, ки ин корро ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин нест.
"Метавон як вокуниши шадиди украиниҳо, маҳкумияти дигар ҳамсояҳои аврупоиро ба вуҷуд овард. Аммо Варшава як усули деринаи озмудашударо истифода ва амалҳои ношоистаашро сафед мекунад. Барои ин вай ҳар дафъа суханҳои зидди Русияро моҳирона истифода мебарад", - гуфт сиёсатмадор.
Ӯ ёдовар шуд, ки дар тӯли садсолаҳо элитаи Лаҳистон Русияро дар ҳама нохушиҳо айбдор мекарданд.
Военнослужащие из состава контингента миротворческих сил ОДКБ в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия шаҳраки Золотая Ниваро таҳти назорат гирифт
"Ба назар чунин менамояд, ки онҳо умедворанд, ин гуна далелҳо амалҳои онҳоро дар назди тамоми ҷаҳон сафед мекунанд", - гуфт Медведев.
Ӯ қайд кард, ки Лаҳистон ба баланд шудани нақши худ дар иқтисодиёти Аврупо умедвор аст.
"Албатта, аз ҳисоби Украина. Қасам мехӯрад, ки ба вафодории славянӣ кумак мекунад, бо аслиҳа ва пул. Аммо бо савганд итминон додан як тарафи кор аст ва иҷрои ин кор дигар аст. Ҳоло мақомоти Лаҳистон дар ҳолати душвор қарор доранд", - омадааст дар матлаб.
Медведев: Лаҳистон тафсири бардурӯғи таърихи равобит бо Русияро таблиғ мекунад
Ба гуфтаи Медведев, лаҳистониҳо сокинони Украинаро бидуни шодӣ истиқбол мекунанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ омода нестанд, ки бо онҳо “куртаи охирин”, ғизо, кумакпулӣ ва ҷойҳои корияшонро тақсим кунанд.
"Аз се ду ҳиссаи гурезагон ( дар Лаҳистон шумораи онҳо аллакай ба ду миллион нафар наздик мешавад) бо пули Амрико қабул ва маскун шуданд. Он намехоҳад, ки бо назардошти буҳрони тӯлонӣ дар тамоми бахшҳои ин кишвар маблағҳои худро ба чунин хайрия сармоягузорӣ кунад", - гуфт Медведев.
Лентаи хабарҳо
0