https://sputnik.tj/20220324/peskov-abramovich-tashkil-guftushunid-ukraina-1047041201.html
Песков гуфт, Абрамович дар ташкили гуфтушунид бо Украина саҳм дошт
Песков гуфт, Абрамович дар ташкили гуфтушунид бо Украина саҳм дошт
Sputnik Тоҷикистон
Кремл тасдиқ кард, ки тоҷир Роман Абрамович дар ибтидои ташкили музокироти Русияву Украина ширкат дошт
2022-03-24T16:20+0500
2022-03-24T16:20+0500
2022-03-24T19:59+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
музокирот
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/17/1032140580_0:29:2901:1661_1920x0_80_0_0_8a67d27f6fed4573199e89bac3e3144b.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Соҳибкори шинохта Роман Абрамович, воқеан, дар марҳилаи ибтидоии ташкили музокироти байни Федератсияи Русия ва Украина ширкат дошт, ҳоло гурӯҳҳои музокиракунанда кор мекунанд, гуфт сӯхангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон. Қаблан "Wall Street Journal" бо такя ба манобеаш хабар дода буд, Владимир Зеленский ба президенти ИМА Ҷо Байден тавсия додааст, ки муваққатан алайҳи Абрамович чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ накунад, зеро ӯ метавонад дар музокирот бо Русия кумак кунад.Рӯзи 10 март мақомоти Бритониё ҳафт тоҷири рус, аз ҷумла молики бошгоҳи футболи инглисии “Челсӣ”-ро таҳрим карданд ва баъдан Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Абрамович таҳрим ҷорӣ намуд.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220324/matvienko-shart-muloqot-putin-zelenskiy-1047035267.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/17/1032140580_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_4b26ed26c4d9fac7a94f07d190b28eed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
песков абрамович ташкил гуфтушунид украина
песков абрамович ташкил гуфтушунид украина
Песков гуфт, Абрамович дар ташкили гуфтушунид бо Украина саҳм дошт
16:20 24.03.2022 (Навсозишуда: 19:59 24.03.2022) Кремл тасдиқ кард, ки ин тоҷири рус дар ибтидои ташкили музокироти Русияву Украина ширкат дошт
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Соҳибкори шинохта Роман Абрамович, воқеан, дар марҳилаи ибтидоии ташкили музокироти байни Федератсияи Русия ва Украина ширкат дошт, ҳоло гурӯҳҳои музокиракунанда кор мекунанд, гуфт сӯхангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон.
Қаблан "Wall Street Journal" бо такя ба манобеаш хабар дода буд, Владимир Зеленский ба президенти ИМА Ҷо Байден тавсия додааст, ки муваққатан алайҳи Абрамович чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ накунад, зеро ӯ метавонад дар музокирот бо Русия кумак кунад.
"Вай, воқеан, дар марҳилаи аввал (дар музокирот - аз идора.) ширкат дошт. Ҳоло музокирот миёни ду тими музокиракунанда - Русия ва Украина идома дорад", - гуфт Песков.
Рӯзи 10 март мақомоти Бритониё ҳафт тоҷири рус, аз ҷумла молики бошгоҳи футболи инглисии “Челсӣ”-ро таҳрим карданд ва баъдан Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Абрамович таҳрим ҷорӣ намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.