https://sputnik.tj/20220323/kharidufurushi-naft-rubl-1047027359.html
Харидуфурӯши нафт ҳам бо рубл сурат мегирад?
Харидуфурӯши нафт ҳам бо рубл сурат мегирад?
Sputnik Тоҷикистон
Муовини нахуствазири Русия аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба далели коҳиши бовар ба доллар харидуфурӯши нафт бо пулҳои миллӣ сурат гирад
2022-03-23T22:30+0500
2022-03-23T22:30+0500
2022-03-23T22:30+0500
дар русия
рубл
пули миллӣ
нафт
александр новак
газ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101470/12/1014701217_0:0:3019:1699_1920x0_80_0_0_6fc48b06bed88d163651f73cff2e2339.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Александр Новак, муовини нахуствазири Русия бар он аст, ки эътимоди тиҷорати нафт бо доллар ва евро бинобар таҳримҳо коста мегардад ва дар оянда харидуфурӯш бояд аз тариқи пулҳои миллӣ сурат гирад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.Ба гузориши рӯзномаи "Wall Street Journal", Арабистони Саудӣ бо Чин дар бораи фурӯши як қисми нафти худ бо юан музокира хоҳанд кард.Новак ба хабарнигорон гуфт, ки вай ба дурнамои гузаштани шарикони хориҷӣ ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули кишвари содиркунанда ё воридкунанда назари мусбат дорад. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои русӣ низ ба ин бояд таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.“Асъор дар шакли доллар ё евро имрӯз ба қадри эътимоднок нест. Мо мебинем, ки маҳдудият вуҷуд дорад ва ин эътимод ба ин асъорҳо коста мекунад. Дар оянда мо бояд тиҷоратро бештар бо пулҳои миллӣ анҷом диҳем. Ин имкон медиҳад, ки эътимоднокии бештарро таъмин намоем”, - гуфт муовини сарвазир.Ёдрас менамоем, чанде пеш раисҷумҳури Русия дастур дод, ки пардохти пули гази содиршуда бо рубл пардохт шавад.Ба гуфтаи Путин, Русия аз қабули пули пардохтии гази табиӣ бо асъори созишшуда, аз ҷумла доллар ва евро худдорӣ мекунад."Ман тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маҷмуи тадбирҳоро барои дарёфти пардохтҳо, нахуст барои гази табиии мо аз кишварҳои ба истилоҳ ғайридӯст аз тариқи рубл ба роҳ монам", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.Дар робита ба ин раисҷумҳури Русия ба Бонки марказӣ ва ҳукумат дастур додааст, ки дар давоми як ҳафта тартиби амалиёти хариди рубл дар бозори дохилӣ аз ҷониби харидорони гази Русияро муайян кунанд.
https://sputnik.tj/20220323/putin-avrupo-pul-gaz-rusiya-rubl-1047022049.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101470/12/1014701217_75:0:2806:2048_1920x0_80_0_0_fe89c7410bca95b1e1891546758b396e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нафт, русия, рубл, харидуфурӯш, пули миллӣ
нафт, русия, рубл, харидуфурӯш, пули миллӣ
Харидуфурӯши нафт ҳам бо рубл сурат мегирад?
Муовини нахуствазири Русия аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба далели коҳиши бовар ба доллар харидуфурӯши нафт бо пулҳои миллӣ сурат гирад
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Александр Новак, муовини нахуствазири Русия бар он аст, ки эътимоди тиҷорати нафт бо доллар ва евро бинобар таҳримҳо коста мегардад ва дар оянда харидуфурӯш бояд аз тариқи пулҳои миллӣ сурат гирад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Ба гузориши рӯзномаи "Wall Street Journal", Арабистони Саудӣ бо Чин дар бораи фурӯши як қисми нафти худ бо юан музокира хоҳанд кард.
Новак ба хабарнигорон гуфт, ки вай ба дурнамои гузаштани шарикони хориҷӣ ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули кишвари содиркунанда ё воридкунанда назари мусбат дорад. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои русӣ низ ба ин бояд таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.
“Асъор дар шакли доллар ё евро имрӯз ба қадри эътимоднок нест. Мо мебинем, ки маҳдудият вуҷуд дорад ва ин эътимод ба ин асъорҳо коста мекунад. Дар оянда мо бояд тиҷоратро бештар бо пулҳои миллӣ анҷом диҳем. Ин имкон медиҳад, ки эътимоднокии бештарро таъмин намоем”, - гуфт муовини сарвазир.
Ёдрас менамоем, чанде пеш раисҷумҳури Русия дастур дод, ки пардохти пули гази содиршуда бо рубл пардохт шавад.
Ба гуфтаи Путин, Русия аз қабули пули пардохтии гази табиӣ бо асъори созишшуда, аз ҷумла доллар ва евро худдорӣ мекунад.
"Ман тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маҷмуи тадбирҳоро барои дарёфти пардохтҳо, нахуст барои гази табиии мо аз кишварҳои ба истилоҳ ғайридӯст аз тариқи рубл ба роҳ монам", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.
Дар робита ба ин раисҷумҳури Русия ба Бонки марказӣ ва ҳукумат дастур додааст, ки дар давоми як ҳафта тартиби амалиёти хариди рубл дар бозори дохилӣ аз ҷониби харидорони гази Русияро муайян кунанд.