https://sputnik.tj/20220321/dodgoh-ekstremisti-elon-meta-barrasi-1046955624.html
Додгоҳ дар Маскав экстремистӣ эълон кардани "Meta"-ро баррасӣ мекунад
Додгоҳ дар Маскав экстремистӣ эълон кардани "Meta"-ро баррасӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Русия талаб дорад, ки ширкати молики "Facebook", "Instagram", "WhatsApp" дар кишвар экстремистӣ эълон карда шавад
2022-03-21T14:40+0500
2022-03-21T14:40+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
шабака
фейсбук
даъват
хушунат
зӯроварӣ
масдуд
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046324694_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_5627e6a0afd9d06650f58c31782879d3.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Твери Маскав дархости экстремистӣ эълон кардани ширкати "Meta Platforms"-ро баррасӣ мекунад, хабар дод РИА "Новости". Дархости экстремистӣ эълон кардани молики "Facebook", "Instagram" ва "WhatsApp"-ро Додситонии кулли Русия ба додгоҳ пешниҳод кард. Даъво аз ҷониби додрас Олга Солопова баррасӣ мегардад. Дар мурофиа намояндагони додситонӣ, Хадамоти федералии амният - ФСБ ва "Роскомнадзор" иштирок мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки "Meta Platforms" дар пасманзари ҳаводиси Украина манъи даъват ба хушунат алайҳи низомиёни Русияро бекор кард, аммо на алайҳи шаҳрвандони мулкиро. Дар пайи ин Додситонии кулли Русия масъалаи экстремистӣ эътироф кардани "Meta"-ро ба миён гузошт ва Кумитаи тафтишотӣ барои даъвати оммавӣ ба экстремизм ва мусоидат ба терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ноиби президенти "Meta" Ник Клегг тавзеҳ дод, ки сиёсати ҷадид танҳо дар Украина татбиқ мешавад ва афзуд, ки дар корхонаашон русбезориро таҳаммул намекунанд. Дар баробари ин "Роскомнадзор" бо талаби Додситонии кул "Instagram"-ро ба далели даъватҳо ба хушунат алайҳи русиягиҳо маҳдуд карда буд. Аз ҳафтаи гузашта шабакаи "Instagram" бо суроғаҳои IP аз Русия дастнорас мебошад. Пеш аз ин "Facebook" ба далели табъизи расонаҳои Русия, аз ҷумла РИА "Новости", "Sputnik" ва RT масдуд шуда буд.
https://sputnik.tj/20220321/ishghol-nuqta-farmondehi-kiev-afsaron-taslim-1046954064.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046324694_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4bf9d1981f006cbdd4093d1b54003330.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баррасӣ, экстремистӣ, додгоҳ
баррасӣ, экстремистӣ, додгоҳ
Додгоҳ дар Маскав экстремистӣ эълон кардани "Meta"-ро баррасӣ мекунад
14:40 21.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Додситонии кулли Русия талаб дорад, ки ширкати молики "Facebook", "Instagram", "WhatsApp" дар кишвар экстремистӣ эълон шавад
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Твери Маскав дархости экстремистӣ эълон кардани ширкати "Meta Platforms"-ро баррасӣ мекунад, хабар дод РИА "Новости".
Дархости экстремистӣ эълон кардани молики "Facebook", "Instagram" ва "WhatsApp"-ро Додситонии кулли Русия ба додгоҳ пешниҳод кард.
Даъво аз ҷониби додрас Олга Солопова баррасӣ мегардад. Дар мурофиа намояндагони додситонӣ, Хадамоти федералии амният - ФСБ ва "Роскомнадзор" иштирок мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки "Meta Platforms" дар пасманзари ҳаводиси Украина манъи даъват ба хушунат алайҳи низомиёни Русияро бекор кард, аммо на алайҳи шаҳрвандони мулкиро.
Дар пайи ин Додситонии кулли Русия масъалаи экстремистӣ эътироф кардани "Meta"-ро ба миён гузошт ва Кумитаи тафтишотӣ барои даъвати оммавӣ ба экстремизм ва мусоидат ба терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ноиби президенти "Meta" Ник Клегг тавзеҳ дод, ки сиёсати ҷадид танҳо дар Украина татбиқ мешавад ва афзуд, ки дар корхонаашон русбезориро таҳаммул намекунанд.
Дар баробари ин "Роскомнадзор" бо талаби Додситонии кул "Instagram"-ро ба далели даъватҳо ба хушунат алайҳи русиягиҳо маҳдуд карда буд. Аз ҳафтаи гузашта шабакаи "Instagram" бо суроғаҳои IP аз Русия дастнорас мебошад.
Пеш аз ин "Facebook" ба далели табъизи расонаҳои Русия, аз ҷумла РИА "Новости", "Sputnik" ва RT масдуд шуда буд.