Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Қоидаҳои нави вуруд ба Қирғизистон барои шаҳрвандони хориҷӣ расмӣ шуд

© Sputnik / Табылды КадырбековМеждународный аэропорт "МАНАС"
Международный аэропорт МАНАС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Талабот барои шаҳодатномаҳо ба кӯдакони то 13-сола дахл надорад
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Аз 1 март қоидаҳои нави вуруд ба Қирғизистон дар шароити пандемияи коронавирус эътибор пайдо кард.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ мусофир ҳангоми сабти ном барои савор шудан ба ҳавопаймо ё убури сарҳад бо мошин муваззаф аст, ба намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ ё кормандони бахши санитарию карантинӣ шаҳодатномаи манфии ПСР, ки дар давоми 72 соати охир гузаронида шудааст ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваксинагирӣ дар шакли коғазӣ ё электронӣ бояд пешниҳод намояд.
Ба шахсоне, ки аломатҳои COVID надоранд, иҷозат дода намешавад, ки ба ҳавопаймо савор шаванд.
Города мира. Дубай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Дубай қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сахттар кард
Ситод қайд мекунад, ки кӯдакони то 13-сола, ки бо ҳамроҳии волидон ё намояндагони қонунӣ парвоз мекунанд, аз риояи ин талаботи маофанд.
Вуруди як гурӯҳи хориҷиён ба Ӯзбекистон мамнуъ мешавад: кадом гурӯҳ?
Агар муҳлати амали санҷиши ПСР (72 соат) бо сабабҳои объективии марбут ба парвоз, таъхири парвоз ва ғайра ба охир расида бошад, пас шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд муваззафанд, аз санҷиши экспресс гузаранд.
Лентаи хабарҳо
0