https://sputnik.tj/20220223/raisi-hamsoyaho-kumak-hukumati-farogir-afghoniston-1046184692.html
Раисӣ: Ҳамсояҳо кумак кунанд, то ҳукумати фарогир дар Афғонистон шакл бигирад
Раисӣ: Ҳамсояҳо кумак кунанд, то ҳукумати фарогир дар Афғонистон шакл бигирад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Эрон дар дидор бо амири Қатар гуфт, ки ҳамсояҳо бояд кумак кунанд, ҳукумати фарогирдар Афғонистоншакл бгирад дар ғайри он ин кишвар ноамн хоҳад шуд
2022-02-23T14:50+0500
2022-02-23T14:50+0500
2022-02-24T14:37+0500
эрон
афғонистон
ҳукумат
осиёи марказӣ
иброҳим раисӣ
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045016756_0:0:3153:1774_1920x0_80_0_0_c0c8b54e4113515a11309f3ae9340273.jpg
ДУШАНБЕ, 16фев — Sputnik. Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, ки аз Қатар дидан кард, дар як нишасти хабарии муштарак бо Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар гуфт, ки ҳамсояҳои Афғонистон бояд ба тамоми мардум ва қавмҳо дар ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон кумак кунанд.Вай таъкид кард, ки дар сурати мавҷуд набудани чунин ҳукумат нооромиҳо дар Афғонистон идома хоҳанд ёфт.Раисҷумҳури Эрон дар бахши дигари суханронии худ гуфтааст, ки бо амири Қатар дар бораи масоили минтақаӣ, мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир гуфтугӯ кардааст.Раисҷумҳури Эрон бар таъсиси як ҳукумати мардумии фарогир дар Афғонистон таъкид кард, аммо ҳукумати толибон то ҳол талабҳои ҷомеаи байналмилалиро дар ин замина иҷро накардааст.Қаблан дабири кулли СММ гуфта буд, ки ҳукумати якқавмӣ мушкилоти кунунии мардуми Афғонистонро ҳал намекунад.Толибон мегӯянд, ки ҳукумати сарпарасти онон дар Кобул ҳамашумул аст ва агар ҳадаф аз фарогир будани давлат шомил будани мақомҳои ҳукумати пешин бошад, имкон надорад.Ёдовар мешавем, ки дар бораи ташкили ҳукумати ҳамашумул мақомоти Тоҷикистон низ борҳо таъкид кардаанд. Ин мавзуъро Эмомалӣ Раҳмон дар дидори ахир бо Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар шаҳри Душанбе матраҳ карда буд.
https://sputnik.tj/20220221/nigaronii-pokiston-huzuri-terroristho-khoriji-afghoniston-1046119150.html
эрон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045016756_422:0:3153:2048_1920x0_80_0_0_1f490e16adaf865e20e45e604acb1fa6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, афғонистон, ҳукумати ҳамашумул, иброҳим расисӣ, раисҷумҳур, кумак
эрон, афғонистон, ҳукумати ҳамашумул, иброҳим расисӣ, раисҷумҳур, кумак
Раисӣ: Ҳамсояҳо кумак кунанд, то ҳукумати фарогир дар Афғонистон шакл бигирад
14:50 23.02.2022 (Навсозишуда: 14:37 24.02.2022) Раисҷумҳури Эрон дар дидор бо амири Қатар гуфт, ҳамсояҳо бояд кумак кунанд, ҳукумати фарогир дар Афғонистон шакл бгирад дар ғайри он ин кишвар ноамн хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 16фев — Sputnik. Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, ки аз Қатар дидан кард, дар як нишасти хабарии муштарак бо Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар гуфт, ки ҳамсояҳои Афғонистон бояд ба тамоми мардум ва қавмҳо дар ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон кумак кунанд.
Вай таъкид кард, ки дар сурати мавҷуд набудани чунин ҳукумат нооромиҳо дар Афғонистон идома хоҳанд ёфт.
Раисҷумҳури Эрон дар бахши дигари суханронии худ гуфтааст, ки бо амири Қатар дар бораи масоили минтақаӣ, мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир гуфтугӯ кардааст.
Раисҷумҳури Эрон бар таъсиси як ҳукумати мардумии фарогир дар Афғонистон таъкид кард, аммо ҳукумати толибон то ҳол талабҳои ҷомеаи байналмилалиро дар ин замина иҷро накардааст.
Қаблан дабири кулли СММ гуфта буд, ки ҳукумати якқавмӣ мушкилоти кунунии мардуми Афғонистонро ҳал намекунад.
Толибон мегӯянд, ки ҳукумати сарпарасти онон дар Кобул ҳамашумул аст ва агар ҳадаф аз фарогир будани давлат шомил будани мақомҳои ҳукумати пешин бошад, имкон надорад.
Ёдовар мешавем, ки дар бораи ташкили ҳукумати ҳамашумул мақомоти Тоҷикистон низ борҳо таъкид кардаанд. Ин мавзуъро Эмомалӣ Раҳмон дар дидори ахир бо Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар шаҳри Душанбе матраҳ карда буд.