https://sputnik.tj/20220204/karzay-jabhai-muqovimatro-barodar-khitob-kard-tolibonro-guftam-shumoro-ham-meguyam-1045488906.html
Карзай Ҷабҳаи муқовиматро бародар хитоб кард: "Толибонро гуфтам, шуморо ҳам мегӯям"
Карзай Ҷабҳаи муқовиматро бародар хитоб кард: "Толибонро гуфтам, шуморо ҳам мегӯям"
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон мегӯяд, толибон бояд барои таъсиси ҳукумате, ки ҳамашумулу фаргир бошад иқдом кунанд
2022-02-04T14:30+0500
2022-02-04T14:30+0500
2022-02-04T18:19+0500
афғонистон
толибон
ҳамид карзай
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/72/1028777272_0:0:1542:867_1920x0_80_0_0_d4d81b299b6abf7ed79924fddc56a96b.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев— Sputnik. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии "TOLOnews" гуфтааст, ки "агар дирӯз толибонро бародар гуфтам, акнун Ҷабҳаи муқовиматро бародар меномам". Раисҷумҳури собиқи Афғонистон афзуд: Оқои Карзай зимни суханронияш ба ҳукумати таҳти раҳбарии толибон хитоб кард : "Имрӯз мо аз ҳукумати толибон даъват мекунем, шуморе, ки дар муқобили шумо истодаанд, бародарони мо ва мардуми Афғонистон ҳастанд, шумо (толибон) чора бинед, ба наздашон равед, ҳар коре, ки аз дастатон меояд, кунед, то созиш кунед ва хукумате созед, ки дар он хама хушбахт бошанд". Ҷабҳаи дувуми муқовимат барои нахустин бор дар вилояти Панҷшер пас аз фирори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва суқути ҳукумати ӯ эъломи мавҷудият кард.Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст. Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт. Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд. Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.
https://sputnik.tj/20220118/hujum-jabha-tolibon-panjsher-1044888651.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/72/1028777272_0:0:1512:1134_1920x0_80_0_0_4326a581fd84459e9aa433e9bb9441ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
карзай толибон ҷабҳаи муқовимат афғонистон ҷанг
карзай толибон ҷабҳаи муқовимат афғонистон ҷанг
Карзай Ҷабҳаи муқовиматро бародар хитоб кард: "Толибонро гуфтам, шуморо ҳам мегӯям"
14:30 04.02.2022 (Навсозишуда: 18:19 04.02.2022) Раисҷумҳури собиқи Афғонистон мегӯяд, толибон бояд барои таъсиси ҳукумате, ки ҳамашумулу фаргир бошад, иқдом кунанд
ДУШАНБЕ, 4 фев— Sputnik. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии "TOLOnews" гуфтааст, ки "агар дирӯз толибонро бародар гуфтам, акнун Ҷабҳаи муқовиматро бародар меномам".
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон афзуд:
"Мо бародару хоҳар ҳастем. Агар дирӯз ба толибон бародар гуфтам, имрӯз Ҷабҳаи муқовиматро бародар меномам, ҷабҳаи муқовимат бародарону хоҳарони моянд."
Оқои Карзай зимни суханронияш ба ҳукумати таҳти раҳбарии толибон хитоб кард : "Имрӯз мо аз ҳукумати толибон даъват мекунем, шуморе, ки дар муқобили шумо истодаанд, бародарони мо ва мардуми Афғонистон ҳастанд, шумо (толибон) чора бинед, ба наздашон равед, ҳар коре, ки аз дастатон меояд, кунед, то созиш кунед ва хукумате созед, ки дар он хама хушбахт бошанд".
Ҷабҳаи дувуми муқовимат барои нахустин бор дар вилояти Панҷшер пас аз фирори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва суқути ҳукумати ӯ эъломи мавҷудият кард.
Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо
Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст. Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд. Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад.
Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.