Роҳзан нест: тоҷики муттаҳам ба ғорати 100 млн рубли зани Градский озод шуд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкСледственный изолятор, архивное фото
Следственный изолятор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо иттиҳоми роҳзанӣ боздошт шуда буд, далелҳои қотеи даст надоштанашро дар ин ҷиноят пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Тоҷикистонии боздоштшуда бо гумони ғорати ҳамсари сароянда, Александр Градскийи марҳум, ҳунарпеша Марина Коташенко ба озодӣ баромад, хабар дод "Рен" ТВ.
Ба иттилои манбаъ, марди 25-солаи тоҷикистонӣ далелҳои даст надоштанаш дар ин ҷиноятро ироа намудааст. Мақомот ӯро бо уҳдадории ҳозир шудан дар сурати даъват раҳо кардаанд.
Бар асоси пайгирии телефонҳо дар ҷои ҳодиса, муайян гардидааст, ки телефони гумонбар низ дар наздикии макони рух додани ғоратгарӣ қарор доштааст. Мард изҳор доштааст, ки телефонро муваққатан ба як хешаш дода буд.
Дар зимн ӯ далелҳои қотеъ пешниҳод намудааст, ки ҳангоми содир шудани ҷиноят дар ҷои дигар қарор доштааст.
Прощание с А. Градским - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
ВАО: Шаҳрванди Тоҷикистон дар доираи парвандаи ғорати зани Градский боздошт шуд
Маврид ба зикр аст, ки дар бораи ҳодисаи ғорати ҳамсари Градский дар шоҳроҳи Наро-Фомински назди Маскав рӯзи 16-уми январ маълумот дода шуд.
Гуфта мешавад, ки се марди мусаллаҳ садама тарҳрезӣ карда, ба мошини Коташенко савор шуда, ӯро маҷбур намудаанд, ки ба хонаи худ баргардад ва 100 миллион рублро ситондаанд.
Коташенко гуфт, пас аз гирифтани пул роҳзанҳроо аз хонааш дар вилояти Маскав то шаҳри Апрелевка бурдааст. Дар он ҷо ҷинояткорон ба мошини сафеде савор шудаанд, ки баъдан дар Маскав аз зери тудаи барф ёфт шуд.
Аз рӯи ин ҳолат бар асоси моддаи 162-и Кодекси ҷиноии Русия барои роҳзанӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Қаблан хабар дода шуд, ки яке аз муттаҳамон дар Қазоқистон паноҳ бурдааст ва ҳуввияти нафари сеюм ҳанӯз муайян нагардидааст.
Лентаи хабарҳо
0