https://sputnik.tj/20220117/rusiya-qavmi-afghoniston-sharh-vukh-1044877685.html
Русия гуфт, ҷанги қавмӣ дар Афғонистонро намехоҳад: ҳушдори Маскав аз додани силоҳ
Русия гуфт, ҷанги қавмӣ дар Афғонистонро намехоҳад: ҳушдори Маскав аз додани силоҳ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мури хориҷии Русия бори дигар мухолифаташро алайҳи ҷанги қавмӣ дар Афғонистон баён дошт
2022-01-17T20:40+0500
2022-01-17T20:40+0500
2022-01-18T13:00+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
амният ва мудофиа
афғонистон
мария захарова
вазорати умури хориҷии русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1b/1040474877_0:0:2982:1677_1920x0_80_0_0_2d228bc9405896c0196086bcb4ad6af6.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Русия ҳич гоҳ дар ин кор даст надоштааст ва нияти низомисозии Афғонистонро низ надорад, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии ин киишвар Мария Захарова. "Русия ба ҳич шевае дар мусаллаҳсозии тарафҳои даргир дар Афғонистон иштирок накардааст ва чунин нақша ҳам надорад", - гуфт ӯ. Намояндаи расмии ВУХ Русия изҳори бовар намуд, ки додани силоҳ ба тарафҳои даргир ба эътидоли вазъ дар Афғонистон мусоидат нахоҳад кард. Вай таъкид намуд, ки чунин сурат гирифтани кор хилофи манофеи Русия мебошад. Инчунин Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ахиран изҳор дошт, ки бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористҳо ва қочоқи маводи мухаддирро ба қаламрави СААД афзоиш медиҳад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2022 се амалиёт барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар наздикиҳои марз бо Афғонистон баргузор хоҳад кард. Маҷмуи чорабиниҳо дар соли равон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла амнияти низомӣ, мубориза бо терроризм ва амалиёти воқеӣ ба нақша гирифта шуданд, изҳор доштанд масъулини СААД. Маврид ба зикр аст, ки дар Афғонистон нимаи моҳи августи соли гузашта толибҳо сари қудрат омаданд. Кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия интизориҳояшро барои ташаккули ҳукумати фарогир ва таъмини ҳуқуқҳои бунёдии инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ба кору таҳсил баён дошта буд.
https://sputnik.tj/20220110/hushdor-rahmon-marz-gila-qabul-1044677688.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1b/1040474877_251:0:2982:2048_1920x0_80_0_0_76387a7f35625735423f0b06471d1bfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, маскав, силоҳ, вазорати умури хориҷӣ, афғонистон
ҳушдор, маскав, силоҳ, вазорати умури хориҷӣ, афғонистон
Русия гуфт, ҷанги қавмӣ дар Афғонистонро намехоҳад: ҳушдори Маскав аз додани силоҳ
20:40 17.01.2022 (Навсозишуда: 13:00 18.01.2022) Вазорати умури хориҷии Русия бори дигар мухолифаташро алайҳи ҷанги қавмӣ дар Афғонистон баён дошт
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Русия ҳич гоҳ дар ин кор даст надоштааст ва нияти низомисозии Афғонистонро низ надорад, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии ин киишвар Мария Захарова.
"Русия ба ҳич шевае дар мусаллаҳсозии тарафҳои даргир дар Афғонистон иштирок накардааст ва чунин нақша ҳам надорад", - гуфт ӯ.
Намояндаи расмии ВУХ Русия изҳори бовар намуд, ки додани силоҳ ба тарафҳои даргир ба эътидоли вазъ дар Афғонистон мусоидат нахоҳад кард.
"Ин танҳо ба шиддати танишҳои дохилиафғонӣ меорад, ки метавонад ба ҷанги шаҳрвандӣ дар заминаи қавмӣ анҷомад", - изҳор дошт Захарова.
Вай таъкид намуд, ки чунин сурат гирифтани кор хилофи манофеи Русия мебошад.
Инчунин Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ахиран изҳор дошт, ки бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористҳо ва қочоқи маводи мухаддирро ба қаламрави СААД афзоиш медиҳад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2022 се амалиёт барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар наздикиҳои марз бо Афғонистон баргузор хоҳад кард.
Маҷмуи чорабиниҳо дар соли равон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла амнияти низомӣ, мубориза бо терроризм ва амалиёти воқеӣ ба нақша гирифта шуданд, изҳор доштанд масъулини СААД.
Маврид ба зикр аст, ки дар Афғонистон нимаи моҳи августи соли гузашта толибҳо сари қудрат омаданд. Кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия интизориҳояшро барои ташаккули ҳукумати фарогир ва таъмини ҳуқуқҳои бунёдии инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ба кору таҳсил баён дошта буд.